https://sputnik.tj/20240407/iiao-hamkorihoi-sohibkoronro-mablaghguzori-mekunad-1062371836.html
ИИАО ҳамкориҳои соҳибкоронро маблағгузорӣ мекунад
ИИАО ҳамкориҳои соҳибкоронро маблағгузорӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки ҳадафашро таҳкими ҳамгироӣ миёни кишварҳои узв арзёбӣ кардаст, ҳамкориҳои бахши хусусиро такон доданист
2024-04-07T15:55+0500
2024-04-07T15:55+0500
2024-04-07T15:55+0500
дар русия
саноат
иқтисод
ҳамкорӣ
таъмир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061204578_0:400:2929:2048_1920x0_80_0_0_2cbba1b8f7256fc5754d4210e9a4078d.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҳамкориҳои байни корхонаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОСиё бештар маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Бо ин мақсад, иттиҳодия 1,8 млрд рубл ҷудо мекунад, гуфт муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач. Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбир боиси ҳавасмандии истеҳсолоти дохилӣ дар доираи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегардад.Қаблан намояндагони утоқҳои бозаргонӣ ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё механизми маблағгузории ҳамкориҳоро дар ин иттиҳодияроо баррасӣ намуданд. Инчунин ба намояндагони беш аз 30 бонки кишварҳои ИИАО механизми маблағгузории кооператсияи саноатӣ ва ҷузъиёти татбиқи амалии он пешниҳод карда шуд. Ба иттилои КИАО, ба бонкдорон аз ҷумла меъёрҳои интихоби лоиҳаҳо, талабот барои қарзгирандагон ва ташкилотҳои молиявӣ, имкони бозтамвили лоиҳаҳои амалкунанда, инчунин хавфҳое, ки ҳангоми татбиқи механизм ба вуҷуд меоянд, муфассал баррасӣ шуданд.Охири соли 2023 Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё низомномаро дар бораи интихоби лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва расонидани кумаки молиявӣ дар татбиқи онҳо аз ҷониби давлатҳои ИИАО тасдиқ карда буд.
https://sputnik.tj/20240403/hamgiroi-iiao-mishustin-samti-afzaliyatnok-1062324234.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061204578_198:0:2929:2048_1920x0_80_0_0_374d853a32d203ff90985b2df21012a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкорӣ, бештар, иқтисод, ииао, бахши хусусӣ, соҳибкорон
ҳамкорӣ, бештар, иқтисод, ииао, бахши хусусӣ, соҳибкорон
ИИАО ҳамкориҳои соҳибкоронро маблағгузорӣ мекунад
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки ҳадафашро таҳкими ҳамгироӣ миёни кишварҳои узв арзёбӣ кардаст, ҳамкориҳои бахши хусусиро такон доданист
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҳамкориҳои байни корхонаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОСиё бештар маблағгузорӣ хоҳанд шуд.
Бо ин мақсад, иттиҳодия 1,8 млрд рубл ҷудо мекунад, гуфт муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач.
Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбир боиси ҳавасмандии истеҳсолоти дохилӣ дар доираи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегардад.
Қаблан намояндагони утоқҳои бозаргонӣ ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё механизми маблағгузории ҳамкориҳоро дар ин иттиҳодияроо баррасӣ намуданд.
Инчунин ба намояндагони беш аз 30 бонки кишварҳои ИИАО механизми маблағгузории кооператсияи саноатӣ ва ҷузъиёти татбиқи амалии он пешниҳод карда шуд.
Ба иттилои КИАО, ба бонкдорон аз ҷумла меъёрҳои интихоби лоиҳаҳо, талабот барои қарзгирандагон ва ташкилотҳои молиявӣ, имкони бозтамвили лоиҳаҳои амалкунанда, инчунин хавфҳое, ки ҳангоми татбиқи механизм ба вуҷуд меоянд, муфассал баррасӣ шуданд.
Охири соли 2023 Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё низомномаро дар бораи интихоби лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва расонидани кумаки молиявӣ дар татбиқи онҳо аз ҷониби давлатҳои ИИАО тасдиқ карда буд.