https://sputnik.tj/20240403/hamgiroi-iiao-mishustin-samti-afzaliyatnok-1062324234.html
Ҳамгироӣ дар ИИАО: Мишустин 12 самти афзалиятноки кори ҳукуматро гуфт
Ҳамгироӣ дар ИИАО: Мишустин 12 самти афзалиятноки кори ҳукуматро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири ҳукумати Русия дар ҳисоботаш ба вакилони Думаи давлатӣ самтҳои афзалиятноки кори ҳукуматро эълон кард, ки ҳамгироӣ бо шарикон аз ҷумлаи онҳо мебошад
2024-04-03T18:01+0500
2024-04-03T18:01+0500
2024-04-03T17:53+0500
дар русия
иқтисод
иттиҳоди иқтисодии уросиё
ииао
ммд
михаил мишустин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/03/1062324992_0:0:2992:1683_1920x0_80_0_0_1b44ffd9f6ae4025d9e5a651c5d24ee1.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳамгироӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз самтҳои афзалиятноки кори ҳукумати Русия мебошад. Дар ин бора сарвазири ҳукумати Русия, Михаил Мишустин зимни ҳисоботаш дар Думаи давлатӣ баён дошт. Михаил Мишустин гуфт, ки ҳукумат 12 авлавиятро барои давраи миёнамӯҳлат муайян кардааст, ки дар ҳаёти русиягиҳо ва рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд. Таҳкими ҳамгироӣ дар доираи ИИАО ва ҳамчунин бо кишварҳои шарик аз ҷумлаи чунин самтҳои кор мебошад, зикр намуд сарвазир. Инчунин ин феҳраст суботи макроиқтисодӣ, рушди соҳаи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва некӯаҳволии шаҳрвандони кишварро фаро мегирад, афзуд манбаъ. Таъмини устуворӣ дар бозори меҳнат, эҷоди истеҳсолоти худӣ, таъмини истиқлолияти технологӣ, рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ, рушди минтақавӣ, қонеъ гардондани талаботи иқтисодиёт ба воситаҳои молиявӣ ҳам дар афзалият қарор доранд. Мишустин гуфт, ки соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО қариби 4% ва гардиши савдои Русия бо кишварҳои ИДМ 6% афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20240402/mol-iiao-metavon-biduni-pardokhti-boj-1062297384.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/03/1062324992_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_4437e4dc541fcc30e4d87092fa1f8357.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иттиҳоди иқтисодии авруосиё, сарвазир, ҳисобот, вакилон
иттиҳоди иқтисодии авруосиё, сарвазир, ҳисобот, вакилон
Ҳамгироӣ дар ИИАО: Мишустин 12 самти афзалиятноки кори ҳукуматро гуфт
Сарвазири ҳукумати Русия дар ҳисоботаш ба вакилони Думаи давлатӣ самтҳои афзалиятноки кори ҳукуматро эълон кард, ки ҳамгироӣ бо шарикон аз ҷумлаи онҳо мебошад
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳамгироӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз самтҳои афзалиятноки кори ҳукумати Русия мебошад.
Дар ин бора сарвазири ҳукумати Русия, Михаил Мишустин зимни ҳисоботаш дар Думаи давлатӣ баён дошт.
Михаил Мишустин гуфт, ки ҳукумат 12 авлавиятро барои давраи миёнамӯҳлат муайян кардааст, ки дар ҳаёти русиягиҳо ва рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд.
Таҳкими ҳамгироӣ дар доираи ИИАО ва ҳамчунин бо кишварҳои шарик аз ҷумлаи чунин самтҳои кор мебошад, зикр намуд сарвазир.
Инчунин ин феҳраст суботи макроиқтисодӣ, рушди соҳаи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва некӯаҳволии шаҳрвандони кишварро фаро мегирад, афзуд манбаъ.
Таъмини устуворӣ дар бозори меҳнат, эҷоди истеҳсолоти худӣ, таъмини истиқлолияти технологӣ, рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ, рушди минтақавӣ, қонеъ гардондани талаботи иқтисодиёт ба воситаҳои молиявӣ ҳам дар афзалият қарор доранд.
Мишустин гуфт, ки соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО қариби 4% ва гардиши савдои Русия бо кишварҳои ИДМ 6% афзоиш ёфтааст.