Эрдуғон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Туркия бидуни раводид манъ кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турецкой Республики Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турецкой Республики Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2024
Обуна шудан
Ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз ин ба баъд қасди сафар ба Туркияро доранд, зарур аст, ки раводид ва ё худ визаро дарёфт кунанд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.
Дар ин бора нашрияи расмии туркӣ Resmi Gazete хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, фармонро президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон имзо кардааст.

"Қарор шудааст, ки низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дорои шиносномаҳои оддии хориҷӣ ҳангоми сафар ба Туркия ҳастанд, лағв карда шавад", - омадааст дар фармон.

Гуфта мешавад, ки тадбир бар асоси қонун дар бораи муҳоҷирон ва ҳифзи байналмилалӣ қабул шудааст.
Сабабҳои мушаххаси мамнӯъсозии низоми бидуни раводид миёни Душанбе Истанбул эълон нашудааст.
Дар авоили моҳи апрел расонаҳо хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон дар Истамбул бо гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт шудаанд.
Фаридуни Шамсидин, задержанный по подозрению в террористическом акте в Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Ҷузъиёт дар бораи Фаридуни Шамсиддин*: Аз бачабозию ҳабс дар Ватан то равобит дар Туркия
Онҳо дар ҳамкорӣ бо ДИИШ ва қасди амали террористӣ муттаҳам мешаванд.
Ҳамчунин қаблан маълум шуда буд, ду муттаҳам ба содир кардани ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав моҳҳои январ-март аз Истанбул дидан карда, дар меҳмонхонаҳо зиндагӣ мекарданд, аммо то ҳол як сиррӣ боқӣ мемонад, ки онҳо чанд рӯз пеш аз сафар чӣ кор кардаанд, гузориш медиҳанд расонаҳои туркӣ.
*- созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0