Расонаҳо аз як сӯҳбати шадиди Байден бо сарвазири Исроил хабар доданд - ӯ чӣ таҳдид кард?

© AFP 2023 / Ronen ZvulunПремьер-министр Израиля Биньямин Нетаньяху жестикулирует во время голосования на избирательном участке в Иерусалиме
Премьер-министр Израиля Биньямин Нетаньяху жестикулирует во время голосования на избирательном участке в Иерусалиме  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2024
Обуна шудан
Манобеъи расонаҳо мегӯянд, ки ин гуфтугӯи "сахттарин"-и Байден бо Нетаняҳу "ҳам аз ҷиҳати оҳанг ва ҳам мазмун" пас аз 7 октябр буд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден ба Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, як ҳушдори сахт дод, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба портали Axios.
Вай таҳдид кард, ки агар Исроил амалиёти худро дар навори Ғазза тағйир надиҳад, кумак ба Исроилро бас хоҳад кард.
Қайд мешавад, ки Байден ахиран ба Нетаняҳу занг зада ва гуфтааст, ки агар Исроил дар Ғазза роҳи худро тағйир надиҳад, Амрико дигар наметавонад ба онҳо кумак кунад.
Раисиҷумҳури Амрико мушаххас накардааст, ки ҳангоми суханронӣ дар бораи аз даст додани пуштибонии Амрико чиро дар назар доштааст ва дар ин замина имкони қатъи интиқоли силоҳ ба Исроилро ёдовар нашудааст.
Президент Ирана Эбрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2024
Ҳушдори президенти Эрон ба Исроил
Бо вуҷуди ин, манобеъи Axios мегӯянд, ки ин "сахттарин" гуфтугӯи Байден бо Нетаняҳу аз 7 октябр "ҳам аз рӯи оҳанг ва ҳам мазмун" буд.
Дар навбати худ, чиҳил нафар конгрессмени амрикоӣ, аз ҷумла, раиси пешини Маҷлиси Намояндагон Нэнси Пелосӣ, аз Ҷо Байден ва Антони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико даъват карданд, ки интиқоли силоҳи ҳамла ба Исроилро дар робита ба марги ахири кормандони башарӣ дар навори Ғазза қатъ кунанд.
Ин аз мактуби онҳо ба сардори давлат ва сардори департаменти давлатй бармеояд.
"Мо бори дигар аз шумо даъват менамоем, ки то анҷоми тафтишоти ҳамлаи ҳавоӣ аз интиқоли силоҳи ҳамлавӣ худдорӣ кунед",- гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Рӯзи ҷумъа Антони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, Нетаняҳу ба Байден гуфтааст, ки Исроил дар пайи ҳамла ба ихтиёриёни World Central Kitchen (WCK) дар навори Ғазза? розӣ шудааст, шеваҳои муборизаи худро барои таъмини ҳимояи кормандони имдодрасонӣ ба фаластиниён ислоҳ кунад.
Созмони ғайритиҷоратии World Central Kitchen рӯзи сешанбе гуфт, ки ҳафт корманди он дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза кушта шудаанд, ки қурбониёни он аз Австралия, Полша, Бритониё, Иёлоти Муттаҳида ва Фаластин низ ҳастанд.
Як қатор кишварҳо талаб кардаанд, ки ин ҳодиса таҳқиқ шавад.
Последствия израильских авиаударов по городу Рафах  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2024
Паёмади зарбаи Исроил ба шаҳри Рафаҳ - аксҳо
Нерӯҳои дифои Исроил ҳамлаи Исроил ба Ғаззаро, ки бар асари он аъзои як созмони ғайридавлатӣ кушта шуданд, “иштибоҳи ҷиддӣ” номид.
Исҳоқ Ҳерзог, раисиҷумҳури Исроил, дар сӯҳбат бо муассиси созмони ғайридавлатӣ Хосе Андрес дар робита ба марги кормандони ин созмон дар Ғазза узрхоҳӣ кард.
Муовини дабири кулли СММ дар умури башардӯстона Мартин Гриффитс марги кормандони созмонҳои ғайридавлатиро дар натиҷаи ҳамлаи исроилиён даҳшатовар номид ва ишора кард, ки новобаста аз он ки қасдан содир шудааст ё на ва новобаста аз изҳороти исроилиҳо ин ҷиноят аст.
Лентаи хабарҳо
0