Савдо ва маҳсулоти кишварҳои узви ИИАО афзоиш ёфтаст

© Sputnik / Павел Львов / Гузариш ба медиабонкДорожная сеть Амурской области
Дорожная сеть Амурской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2024
Обуна шудан
Табодули коло байни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қариб ду баробар зиёд шуда, савдои хориҷӣ ҳудуди 60% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар даҳ соли охир афзоиш ёфта, ба $2,4 трлн баробар шуд.
Дар ин бора раиси раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев дар гуфтугӯ бо президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев баён дошт.
Ин нукта зимни гузориш дар бораи дастовардҳои кишварҳои "панҷгона"-и узви иттиҳод дар тӯли 10 сол таъкид гардид.
Зикр шуд, ик табодули коло байни кишварҳои аъзо қариб ду баробар афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол савдои хориҷӣ 60% зиёд шудааст.
Нишондоди рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишварҳои узви ИААО қариби 4%-ро ташкил додаст. Чунин маълумот дар давраи аз январ то декабри соли 2023 сабт шудаст, омадааст дар гузориши Комиссияи иқтисодии Авруосиё.
ЕАЭС-2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2024
Азми ИИАО барои рақамисозии савдо дар иттиҳод
Дар шарҳи рушди ММД омадааст, ки аз ҷумла рушди маҳсулоти саноатӣ - 3,7 %, ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ - 8,6 % ва муомилоти моли чакана - 6,6% афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин афзоиши муомилоти бор дар ин давра дар Қирғизистон - 8,2 % Қазоқистон - 3,1%, мусофиркашонӣ дар Арманистон - 63,3%, Русия - 12,8% ва Беларус - 7,8% зиёд гардидаст, иттилоъ дода буд, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.
Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0