Дар як рӯз: даҳҳо ҳазор тоҷикистонӣ хизматрасонии ройгони тиббӣ дарёфт карданд
© SputnikВ Душанбе провели бесплатные медконсультации по случаю Всемирного дня здоровья
© Sputnik
Обуна шудан
Сокинони тамоми манотиқи кишвар имкон доштанд, ки бо истифода аз “Рӯзи дарҳои кушод”, ки ҳамасола доир мешавад, ройгон аз вазъи саломатии хеш огоҳ гарданд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар Тоҷикитон ба даҳҳо ҳазор нафар хисмати ройгони тиббӣ расониданд.
Дар ин бора аз Вазорати Тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода гуфтанд, ки ин ба шарофати Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола 7-уми апрел қайд карда мешавад даст дод.
Манбаъ гуфт, танҳо дар Маҷиааи тандурустии “Истиқлол” зиёда аз 150 нафар мутахассисони соҳаи тиб дар бахшида ба Рӯзи умимиҷаҳонии тандурустӣ ба аҳолӣ тахшису хизматрасонии ройгон намуданд.
© SputnikВ Душанбе провели бесплатные медконсультации по случаю Всемирного дня здоровья
1/4
© Sputnik
В Душанбе провели бесплатные медконсультации по случаю Всемирного дня здоровья
© SputnikВ Душанбе провели бесплатные медконсультации по случаю Всемирного дня здоровья
2/4
© Sputnik
В Душанбе провели бесплатные медконсультации по случаю Всемирного дня здоровья
© SputnikВ Душанбе провели бесплатные медконсультации по случаю Всемирного дня здоровья
3/4
© Sputnik
В Душанбе провели бесплатные медконсультации по случаю Всемирного дня здоровья
© SputnikБольница Истиклол
4/4
© Sputnik
Больница Истиклол

Ба ҳамин муносибат имрӯз 6-уми апрел дар тамоми беморхонаҳои шаҳру ноҳия ва пойтахти кишвар ба аҳолӣ хизматрасонии ройгон пешниҳод гардид.
Тавре сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир Давлатзода Холмирзо гуфт, дар ин рӯз аҳолӣ тавононист аз машварату муоина ва ташхиси ройгонӣ мутахассисони соҳаи тиб бархурдор гардад.
Чорабинии мазкур аз соати 8:00 то 14:00 ба вақти маҳаллӣ доир гардид, ки дар ин муддат беш аз 50 ҳазор нафар дар саросари кишвар аз чунин имкон истифода карданд.
“Дар доираи чорабинии мазкур ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон гузаронида шуд” - иттилоъ доданд аз вазорат.
Гуфта мешавад, ки имсол маъракаи солимгардонӣ таҳти шиори "Саломатии ман-ҳуқуқи ман" баргузор шуд.
Ҳамзамон дар дигар муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ чунин чорабиниро доир карданд, то сокинон ройгон аз вазъи саломатияшон огоҳ гарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар саросари ҷаҳон ҳамасола 7 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана ҳамасола дар тамоми муассисаҳои саломатӣ “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида мешавад.