https://sputnik.tj/20240405/vazorati-maorif-aprel-muassisaho-talim-tojikiston-1062350973.html
Вазорати маориф: 10 апрел дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон истироҳатист
Вазорати маориф: 10 апрел дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон истироҳатист
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон далели истироҳатӣ будани ин рӯзро дар макотиб ба моддаи 3 қонуни ҷумҳурӣ "Дар бораи рӯзҳои ид" рабт дод
2024-04-05T12:31+0500
2024-04-05T12:31+0500
2024-04-05T12:31+0500
дар тоҷикистон
мактаб
маориф
дин ва оин
таътил
шӯрои уламо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/19/1060150116_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7e3e1ccc8039b9d77c9a13c7337ba06b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Рӯзи иди Рамазон 10-уми апрел дар муассисаҳои таълимӣ истироҳатӣ мебошад, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон. "Ба иттилои хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки тибқи моддаи 3 қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" рӯзи иди Рамазон ҳар сол дар рӯзе, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар мекунад, рӯзи ғайрикорӣ аст", - омадаст дар иттилоия. Ахиран раиси Шурои уламо, Саидмукаррам Абдуқодирзода эълон кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди саиди Рамазон дар кишвар маҳз ба 10 апрел дуруст меояд.Тибқи қарори Шурои уламо вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6:30 муайян карда шудааст. Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон ҷалб намоянд.Дар баробари ин таъкид гардидааст, ки руҳониён диққати шаҳрвандонро ба пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки масъулини дин худашон бояд дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.
https://sputnik.tj/20240404/fazilatho-shab-qadr-faro-merasad-1062340072.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/19/1060150116_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_460c618be7f1c810d8c5e9961084eae3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
макотиб, тоҷикистон, далел, истироҳатӣ, ид, қонун
макотиб, тоҷикистон, далел, истироҳатӣ, ид, қонун
Вазорати маориф: 10 апрел дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон истироҳатист
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон далели истироҳатӣ будани ин рӯзро дар макотиб ба моддаи 3 қонуни ҷумҳурӣ "Дар бораи рӯзҳои ид" рабт дод
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Рӯзи иди Рамазон 10-уми апрел дар муассисаҳои таълимӣ истироҳатӣ мебошад, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
"Ба иттилои хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки тибқи моддаи 3 қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" рӯзи иди Рамазон ҳар сол дар рӯзе, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар мекунад, рӯзи ғайрикорӣ аст", - омадаст дар иттилоия.
Ахиран раиси Шурои уламо, Саидмукаррам Абдуқодирзода эълон кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди саиди Рамазон дар кишвар маҳз ба 10 апрел дуруст меояд.
Тибқи қарори Шурои уламо вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6:30 муайян карда шудааст.
Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон ҷалб намоянд.
Дар баробари ин таъкид гардидааст, ки руҳониён диққати шаҳрвандонро ба пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки масъулини дин худашон бояд дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.