https://sputnik.tj/20240404/fazilatho-shab-qadr-faro-merasad-1062340072.html
Фазилатҳои Шаби қадр: он кай фаро мерасад
Фазилатҳои Шаби қадр: он кай фаро мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Муҳимтарин санаи моҳи шарифи Рамазон Шаби қадр маҳсуб мешавад, зеро дар ин шаб монеаҳо миёни Худованду бандагонаш барои иҷобати дуо бардошта мешавад
2024-04-04T15:37+0500
2024-04-04T15:37+0500
2024-04-04T16:18+0500
моҳи рамазон
дин ва оин
ислом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/11/1056511191_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_a1ac01c22e320eb4acd1a0c878f5f2b0.png
"Шаби қадр" - яъне шаби бузург ва боазамат (Лайлатулқадр) яке аз муҳимтарин шабҳои сол ва махсусан дар моҳи Рамазон аст, зеро дар ин шаб Худованди мутаъол сарнавишти инсонро барои тамоми сол муайян мекунад. Соли 2024 шаби қадр ба рӯзи 27-уми моҳи Рамазон аз 5 то 6 апрел рост меояд. Дар ин замон, бино ба манобеъи исломӣ, фаришта Ҷабраил (ъ) ба ҳазрати Муҳаммад (с) дар ғори Ҳиро, ки дар наздикии Макка намоз мехонд, зоҳир шуда, панҷ ояти аввали сураи "Ал-Ҳақ"-ро овард.Шаби қадр, лайлатулқадр шаби муайяншавии тақдир аст, ки беҳтарин шаб барои ибодат дониста мешавад ва гӯё он шаб дуову ибодат зуд иҷобат мешавад.Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рӯзадорон қарор дода, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд.Шӯрои уламо расман санаи дақиқи иди Рамазонро эълон кардТаъкид мешавад, ки Лайлатулқадр шабест, аз ҳазор моҳ, яъне аз як умри одамӣ, ки бештар аз ҳаштоду се солро дар бар мегирад, беҳтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рӯзадоре дар умри худ чандин шаби Қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам ҳамон кас аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/11/1056511191_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_68768b356121194542dde1cf5cc46f59.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фазилатҳо шаби қадр ислом намоз дин
фазилатҳо шаби қадр ислом намоз дин
Фазилатҳои Шаби қадр: он кай фаро мерасад
15:37 04.04.2024 (Навсозишуда: 16:18 04.04.2024) Муҳимтарин санаи моҳи шарифи Рамазон Шаби қадр маҳсуб мешавад, зеро дар ин шаб монеаҳо миёни Худованду бандагонаш барои иҷобати дуо бардошта мешавад
"Шаби қадр" - яъне шаби бузург ва боазамат (Лайлатулқадр) яке аз муҳимтарин шабҳои сол ва махсусан дар моҳи Рамазон аст, зеро дар ин шаб Худованди мутаъол сарнавишти инсонро барои тамоми сол муайян мекунад.
Соли 2024 шаби қадр ба рӯзи 27-уми моҳи Рамазон аз 5 то 6 апрел рост меояд. Дар ин замон, бино ба манобеъи исломӣ, фаришта Ҷабраил (ъ) ба ҳазрати Муҳаммад (с) дар ғори Ҳиро, ки дар наздикии Макка намоз мехонд, зоҳир шуда, панҷ ояти аввали сураи "Ал-Ҳақ"-ро овард.
Шаби қадр, лайлатулқадр шаби муайяншавии тақдир аст, ки беҳтарин шаб барои ибодат дониста мешавад ва гӯё он шаб дуову ибодат зуд иҷобат мешавад.
Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рӯзадорон қарор дода, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд.
Таъкид мешавад, ки Лайлатулқадр шабест, аз ҳазор моҳ, яъне аз як умри одамӣ, ки бештар аз ҳаштоду се солро дар бар мегирад, беҳтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рӯзадоре дар умри худ чандин шаби Қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам ҳамон кас аст.