https://sputnik.tj/20240405/konsert-sanad-jambast-rasmi-berdimuhammadov-tojikiston-1062357342.html
Консерт ва 5 санад: Ҷамъбасти сафари расмии Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон
Консерт ва 5 санад: Ҷамъбасти сафари расмии Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон пешвои халқи туркман - Раиси халқ маслиҳатии Туркманистонро, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, гусел кард
2024-04-05T17:45+0500
2024-04-05T17:45+0500
2024-04-05T17:45+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
дӯстӣ
ҳамкорӣ
қурбонгулӣ бердимуҳаммедов
боздид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/05/1062349312_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_1b26fd4b58b04740acfbd442d9e3fcdc.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Сафари расмии пешвои миллии халқи туркман - Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов, ки рӯзҳои 4-5 апрел идома дошт, ба поин расид. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бо нишони эҳтирому самимияти баланд, Бердимуҳаммадовро шахсан Эмомалӣ Раҳмон гусел кард. Манбаъ зикр намуд, ки сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман рӯзҳои 4-5 апрел ҷараён гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду кишвар 5 санади нав ба имзо расиданд. Санадҳои нав аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, омодасозии кадрҳои дипломатӣ, сохтмон, илм, зилзиласанҷӣ ва бародаршаҳрӣ миёни Хуҷанд ва Аргадагро фаро мегиранд.Ҳуҷҷатҳои имзошуда аз ҷумла Барномаи ҳамкорӣ баёни ВКХ Тоҷикистон ва ВКХ Туркманистон барои солҳои 2024-2025, Созишномаи ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии ВКХ Тоҷикистон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии ВКХ Туркманистон мебошад. Инчунин созишнома байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон ва Ёддошти тафоҳум байни Институти геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Тоҷикистон ва Институти сейсмология ва физикаи атмосфераи Туркманистон имзо шуданд. Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуд, ки натиҷаҳои ташрифи расмӣ ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар доираи ин сафар барои таъмиқи муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар заминаи мусоид хоҳад гузошт.
https://sputnik.tj/20240404/naft-gaz-borkashon-muloqot-rahmon-berdimuhammadov-1062338134.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/05/1062349312_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1d0f83cf1b7c20bebce099469d868157.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, қурбонгулӣ бердимуҳаммадов, гусел, расмӣ
эмомалӣ раҳмон, қурбонгулӣ бердимуҳаммадов, гусел, расмӣ
Консерт ва 5 санад: Ҷамъбасти сафари расмии Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон пешвои халқи туркман - Раиси халқ маслиҳатии Туркманистонро, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, гусел кард
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Сафари расмии пешвои миллии халқи туркман - Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов, ки рӯзҳои 4-5 апрел идома дошт, ба поин расид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бо нишони эҳтирому самимияти баланд, Бердимуҳаммадовро шахсан Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.
Манбаъ зикр намуд, ки сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман рӯзҳои 4-5 апрел ҷараён гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду кишвар 5 санади нав ба имзо расиданд.
Санадҳои нав аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, омодасозии кадрҳои дипломатӣ, сохтмон, илм, зилзиласанҷӣ ва бародаршаҳрӣ миёни Хуҷанд ва Аргадагро фаро мегиранд.
Ҳуҷҷатҳои имзошуда аз ҷумла Барномаи ҳамкорӣ баёни ВКХ Тоҷикистон ва ВКХ Туркманистон барои солҳои 2024-2025, Созишномаи ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии ВКХ Тоҷикистон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии ВКХ Туркманистон мебошад.
Инчунин созишнома байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон ва Ёддошти тафоҳум байни Институти геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Тоҷикистон ва Институти сейсмология ва физикаи атмосфераи Туркманистон имзо шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуд, ки натиҷаҳои ташрифи расмӣ ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар доираи ин сафар барои таъмиқи муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар заминаи мусоид хоҳад гузошт.