https://sputnik.tj/20240404/naft-gaz-borkashon-muloqot-rahmon-berdimuhammadov-1062338134.html
Аз нафту газ то боркашонӣ: мулоқоти Раҳмон бо Бердимуҳаммадов
Аз нафту газ то боркашонӣ: мулоқоти Раҳмон бо Бердимуҳаммадов
Sputnik Тоҷикистон
Рушди минбаъдаи фаъоли муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз мавзуоти меҳварии дидори раисҷумҳур бо пешвои миллии халқи туркман будааст
2024-04-04T14:21+0500
2024-04-04T14:21+0500
2024-04-04T16:19+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
қурбонқулӣ бердимуҳаммадов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/04/1062337012_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_2dd3cd8c087dfbefd842be4698f0a99d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешвои миллии халқи туркман - раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард.Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҷонибҳо тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.Ҳамчунин, густариши равобити байниминтақавӣ тавассути тавсеаи ҳамкории байни субъектҳо ва роҳандозии робитаҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои ду кишвар муҳим дониста шуд.Дар мулоқот, таъкид бар масоили таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ шудааст.Дар идома ҷонибҳо ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва таҳкими ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ низ таваҷҷуҳи зоҳир кардаанд.Раҳмон ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин бар аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ дар ҳама сатҳҳо таъкид кардаанд.
https://sputnik.tj/20240404/rahmon-berdimuhammadov-boshukuh-qasr-millat-istiqbol-1062334513.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/04/1062337012_98:0:1235:853_1920x0_80_0_0_01e7338d01ac0d22152a7f29cd47ab59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон бердимуҳаммадов душанбе баррасӣ
раҳмон бердимуҳаммадов душанбе баррасӣ
Аз нафту газ то боркашонӣ: мулоқоти Раҳмон бо Бердимуҳаммадов
14:21 04.04.2024 (Навсозишуда: 16:19 04.04.2024) Рушди минбаъдаи фаъоли муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз мавзуоти меҳварии дидори раисҷумҳур бо пешвои миллии халқи туркман будааст
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешвои миллии халқи туркман - раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҷонибҳо тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.
"Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори нафту газ, химия ва металлургия, кооператсияи саноат, кишоварзӣ ва нақлиёту боркашониро муҳокима намуданд", - афзудааст манбаъ.
Ҳамчунин, густариши равобити байниминтақавӣ тавассути тавсеаи ҳамкории байни субъектҳо ва роҳандозии робитаҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои ду кишвар муҳим дониста шуд.
Дар мулоқот, таъкид бар масоили таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ шудааст.
Дар идома ҷонибҳо ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва таҳкими ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ низ таваҷҷуҳи зоҳир кардаанд.
Раҳмон ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин бар аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ дар ҳама сатҳҳо таъкид кардаанд.