https://sputnik.tj/20240401/idu-istirohati-tojikistoniyon-aprel-1062291327.html
Иду истироҳати тоҷикистониён дар апрел
Иду истироҳати тоҷикистониён дар апрел
Sputnik Тоҷикистон
Бар иловаи рӯзҳои маъмулии таътилӣ, тоҷикистониён дар охири даҳаи аввали моҳи апрел яке аз ду ҷашни бузурги мусалмонони ҷаҳонро таҷлил мекунанд
2024-04-01T16:16+0500
2024-04-01T16:16+0500
2024-04-01T19:59+0500
моҳ
аз моҳи апрел
иди фитр
рамазон
дар тоҷикистон
тасвирбаён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/04/1059782394_0:213:1051:804_1920x0_80_0_0_68a35b61c9e840c1d6020cf0a3374add.jpg
Тоҷикистониён 10 апрел иди муҳим барои ҳар як мусалмон - Иди Фитрро таҷлил мекунанд, ки дар поёни моҳи шарифи Рамазон ба анҷоми рӯзадории 30-рӯза ишора мекунад. Тибқи ҳисобҳои муқаддамонӣ, Иди Фитр дар саросари Тоҷикистон имсол ба рӯзи чоршанбеи 10 апрел рост меояд. Як сол қабл ин ид 21 апрел таҷлил мешуд. Эълони оғози Рамазон, нисоби закот ва фидяи савм дар ТоҷикистонМутобиқи анъана дар ин рӯз диндорон наздикону пайвандонро бо анҷоми рӯза табрик гуфта, дар масҷидҳои кишвар намози идӣ мехонанд. Онсубҳи барвақт ба вақти маҳаллӣ дар назар аст. Гурӯҳҳои калони калонсолон ва кӯдакон ба назди дӯстону пайвандон рафта, шодии ҷашнро ба ҳама тақсим мекунанд ва дар сари дастархони идона менишинанд, ки шеваи маъмулии таҷлили иди Фитр дар Тоҷикистон мебошад. Дар маҷмуъ аз 30 рӯз дар моҳи апрел шаҳрвандони Тоҷикистон 9 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/04/1059782394_0:115:1051:903_1920x0_80_0_0_0a83c41d0d4bb95bf3595b236c96bd50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
апрел, тоҷикистон, истироҳат, бузург, мусалмон, ҷашн, тақвим
апрел, тоҷикистон, истироҳат, бузург, мусалмон, ҷашн, тақвим
Иду истироҳати тоҷикистониён дар апрел
16:16 01.04.2024 (Навсозишуда: 19:59 01.04.2024) Бар иловаи рӯзҳои маъмулии таътилӣ, тоҷикистониён дар охири даҳаи аввали моҳи апрел яке аз ду ҷашни бузурги мусалмонони ҷаҳонро таҷлил мекунанд
Тоҷикистониён 10 апрел иди муҳим барои ҳар як мусалмон - Иди Фитрро таҷлил мекунанд, ки дар поёни моҳи шарифи Рамазон ба анҷоми рӯзадории 30-рӯза ишора мекунад.
Тибқи ҳисобҳои муқаддамонӣ, Иди Фитр дар саросари Тоҷикистон имсол ба рӯзи чоршанбеи 10 апрел рост меояд. Як сол қабл ин ид 21 апрел таҷлил мешуд.
Мутобиқи анъана дар ин рӯз диндорон наздикону пайвандонро бо анҷоми рӯза табрик гуфта, дар масҷидҳои кишвар намози идӣ мехонанд. Онсубҳи барвақт ба вақти маҳаллӣ дар назар аст.
Гурӯҳҳои калони калонсолон ва кӯдакон ба назди дӯстону пайвандон рафта, шодии ҷашнро ба ҳама тақсим мекунанд ва дар сари дастархони идона менишинанд, ки шеваи маъмулии таҷлили иди Фитр дар Тоҷикистон мебошад.
Дар маҷмуъ аз 30 рӯз дар моҳи апрел шаҳрвандони Тоҷикистон 9 рӯз истироҳат хоҳанд кард.