Боздошти боз се гумонбари ҳамлаи террористӣ ба "Крокус"

© Sputnik / ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкФСБ России задержала пособников теракта в "Крокус Сити Холле"
ФСБ России задержала пособников теракта в Крокус Сити Холле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2024
Обуна шудан
Дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус сити Холл” боз се айбдоршавандаи нав пайдо шуд. ФСБ-и Русия онҳоро боздошт кард
ДУШАНБЕ, 4апр — Sputnik. Ба иттилои ФСБ-и Русия се нафари боздоштшуда, ки дар ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” айбдор мешаванд, зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ду гумонбар барои харидани аслиҳа ва мошинҳое, ки аз ҷониби террористон истифода мешуданд, пул интиқол додаанд ва сеюмӣ бевосита ба ҷалби шарикон ва маблағгузории онҳо машғул будааст.
Ҳамчунин ФСБ хабар додааст, ки яке аз боздоштшудаҳо шаҳрвандии Русия доштааст.
Дар маҷмӯъ, дар парвандаи тирпарронии "Крокус Сити Хол" 10 нафар ба ҳасби пешакӣ гирифта шудаанд, ки се нафари онҳо аз оилаи Исломовҳо мебошанд.
Избрание меры пресечения подозреваемым в теракте в Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2024
Исломовҳо аз ҳабси пешакияшон дар робита ба ҳамлаи "Крокус" шикоят карданд
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд.
Баъдан додгоҳ боз шаш нафари дигарро бо иттиҳоми шарикӣ дар амали террористӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Лентаи хабарҳо
0