Исломовҳо аз ҳабси пешакияшон дар робита ба ҳамлаи "Крокус" шикоят карданд

© Foto / Пресс-служба Басманного суда / Гузариш ба медиабонкИзбрание меры пресечения подозреваемым в теракте в "Крокус Сити Холл"
Избрание меры пресечения подозреваемым в теракте в Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2024
Обуна шудан
Дар маҷмӯъ, дар парвандаи тирпарронии "Крокус Сити Хол" 10 нафар ба ҳасби пешакӣ гирифта шудаанд, ки се нафари онҳо аз оилаи Исломовҳо мебошанд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Диловар Исломов аз боздошти пешакияш дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" шикоят бурд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба додгоҳи Басмании Маскав хабар медиҳад.
"Ба суд аз болои қарори ҳабси пешакии Диловар Исломов ба сифати чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс шикоят ворид гардид", - гуфтаст ҳамсуҳбати агентӣ.
Қабл аз ин, падараш Исроил ва бародараш Аминҷон Исломовҳо аз болои қарори ҳабси пешакияшон шикоят карданд.
Фаридуни Шамсидин, задержанный по подозрению в террористическом акте в Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Ҷузъиёт дар бораи Фаридуни Шамсиддин*: Аз бачабозию ҳабс дар Ватан то равобит дар Туркия
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд.
Баъдан додгоҳ боз шаш нафари дигарро бо иттиҳоми шарикӣ дар амали террористӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Лентаи хабарҳо
0