Бердимуҳаммадови калонӣ озими Душанбе шуд: сабаб?

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов
Президент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2024
Обуна шудан
Дар доираи ин сафар Бердимуҳаммадов бо Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот анҷом дода, доираи васеи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Субҳи имрӯз пешвои миллии халқи туркман —раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон.
Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Дар доираи ин сафар Бердимуҳаммадов бо Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот анҷом дода, доираи васеи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар пайи ин мулоқот қарор аст, ки якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо бирасанд.
Бар асоси барномаи сафар, Бердимуҳаммадов ҳамзамон раиси маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ва сарвазир Қоҳир Раслузода мулоқот кунад.
Мулоқоти праиси Кумитаи меъмории Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии сохтмони шаҳри “Арқадағ”-и Туркманистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ Тоҷикистону Туркманистон
Дар поёни рӯз, барномаи муштараки консертии устодони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони "Шоми дӯстӣ" дар "Кохи Борбад" бо ширкати намояндагони воломақоми ҷумҳуриҳо доир мешавад.
Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон 3 апрел оғоз шуда, то 5 апрел давом мекунад.
Қисмати кушодашавии он аллакай 3 апрел дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ доир шуда, субҳи имрӯз намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон кушода мешавад.
Ҳамзамон санъаткорони туркман 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.
Лентаи хабарҳо
0