Баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ Тоҷикистону Туркманистон

© Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ТоҷикистонМулоқоти праиси Кумитаи меъмории Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии сохтмони шаҳри “Арқадағ”-и Туркманистон
Мулоқоти праиси Кумитаи меъмории Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии сохтмони шаҳри “Арқадағ”-и Туркманистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Туркманистон барои идомаи татбиқи ҳамкории судманд дар самти соҳаи меъморӣ ва сохтмон изҳор намуданд
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Мулоқоти раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо Раиси Кумитаи давлатии сохтмони шаҳри “Арқадағ”-и назди Президенти Туркманистон Оразов Дерягелди сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъмориро баррасӣ намуданд.
“Дар сӯҳбат ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ҳамкории судманд дар самти соҳаи меъморӣ ва сохтмон изҳор намуданд”,- иттилоъ додааст Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.
Иштироки президентҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар барномаи ҳунарӣ дар Кохи Борбад-и шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Консерти санъаткорони Осиёи Марказӣ дар Кохи Борбад
Иттилоъ дода шудааст, ки баъд аз мулоқот, тибқи барнома, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ва Раиси Кумитаи давлатии сохтмони шаҳри “Арқадағ”-и Туркманистон Оразов Дерягелди Нурыевич аз Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки воъурии мазкур дар доираи чорабиниҳои канории бахшида ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0