Чӣ қадар молро ба ИИАО метавон бидуни пардохти боҷ ворид кард?

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкЗона паспортного контроля, архивное фото
Зона паспортного контроля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2024
Обуна шудан
Аз оғози моҳи равон арзишу ҳаҷми колое, ки метавонад бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид карда шавад, тағйир ёфт
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки моли арзишаш то ҳазор евроро барои истифодаи шахсӣ, бидуни пардохт ворид мекарданд, ки ҳамакнун ин нишондод кам шудааст.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иттилоъ дод, ки ҳадди воридоти молҳои шахсӣ аз моҳи апрел аз 200 то 500 евроро ташкил хоҳад дод.
Аз ҷумба ба иттилои манбаъ, аз оғози апрел меъёрҳо 200 евро ва 31 кг барои интиқол тавассути почта ё интиқолдиҳанда аст.
Ин нишондод барои ҳамлу нақл тавассути нақлиёти рӯизаминӣ ️500 евро ва 25 кг - ро ташкил медиҳад.
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2023
Оверчук гуфт, Русия метавонад талабот ба мошинҳои барқӣ дар ИИАО-ро қонеъ кунад
Ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ барои молҳои аз ин нишондиҳанда боло вобаста ба анвои мол фарқ мекунад, афзуд КИАО.
Воридоти молҳо барои истифодаи шахсӣ то ҳазор евро бидуни пардохтҳо аз 31 марти соли 2022 то оғози апрели соли 2024 амал мекард, ки ба гуфтаи намояндаи расмии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Ия Малкина ин тадбир дар ин марҳила муҳим буд.
Шаҳрвандон имкон доштанд, новобаста аз тасмимҳои кишварҳои сеюм, он моли мавриди ниёзи худро мустақилона ворид кунанд, изҳор дошта буд Ия Малкина.
Дар маҷмуъ ба иттилои КИАО, тайи чаҳор соли ахир Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё боҷи гумрукии воридотӣ барои беш аз 1,3 ҳазор номгӯи колоро бекор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0