Муттаҳамон ба терроризм дар Доғистон низ аз Осиёи Миёна будаанд

© ЦОС ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкЗадержание преступников сотрудниками ФСБ
Задержание преступников сотрудниками ФСБ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2024
Обуна шудан
Манобеъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳуввияти шахсони муттаҳам барои фаъолияти террористӣ дар Доғистонро муайян кардаанд, ки қисмеяшон хориҷӣ будаанд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Аз се нафаре, ки дар Доғистон бо гумони фаъолияти террористӣ боздошт шудаанд, ду нафарашон аз Осиёи Марказӣ мебошанд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ.
Кумитаи миллии зиддитеррористӣ гуфт, нерӯҳои вижа муттаҳамон дар терроризмро дар манзилҳои истиқоматии Махачқалъа ва Каспийск муҳосира кардаанд. Дар минтақае, ки муттаҳамон ошкор карда шуданд, низоми қонунии амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шуд.
Субҳи рӯзи 31 март Кумитаи миллии зиддитеррористӣ хабар дод, ки нерӯҳои вижа террористҳоро дар чанд манзил дар маҳаллаҳои истиқоматии Махачқалъа ва Каспийск муҳосира кардаанд.
Фаридуни Шамсидин, задержанный по подозрению в террористическом акте в Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Ҷузъиёт дар бораи Фаридуни Шамсиддин*: Аз бачабозию ҳабс дар Ватан то равобит дар Туркия
Баъдан мақомот аз боздошти се муттаҳам хабар доданд, ки қасди анҷом додани як қатор ҷиноятҳои террористиро доштанд.
Ба иттилои манбаъ, ин афрод, ки дар Доғистон боздошт шуданд, дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекарданд.
Дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони мулкӣ касе талафот ва осеб надидааст.
Раисҷумҳури Доғистон, Сергей Меликов гуфта буд, ки ҷинояткорон дар доираи таҳкими амният пас аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар наздикии Маскав шиносоӣ ва боздошт шудаанд.
Дар авоили моҳи март амалиёти зиддитеррористӣ дар Ингушистон баргузор шуд. Дар он ҷо шаш ҷангҷӯ нобуд карда шуд, ки се нафари онҳо дар пайгарди федеролӣ қарор доштанд.
Лентаи хабарҳо
0