Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Калонтарин шикаст дар таърих": Дар ИМА аз амали Русия алайҳи нерӯҳои Украина гуфтанд

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкБоевая подготовка артиллеристов Южной группировки войск.
Боевая подготовка артиллеристов Южной группировки войск. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2024
Обуна шудан
То замоне, ки раҳбарияти Амрико барои сиёсаташ ба ҷавобгарӣ кашида нашавад, ба Украина хатари нобудшавӣ таҳдид хоҳад кард, гуфт миллиардер
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Ҳамлаи ҷавобии артиши Украина яке аз бузургтарин шикастҳои низомӣ дар таърихи муосир гардид, гуфт миллиардери амрикоӣ Дэвид Сакс дар шабакаи иҷтимоии X.
Вай ин суханонро дар шарҳи изҳороти соҳибкор, Илон Маск дар бораи эҳтимоли аз даст додани тамоми қаламравҳои назди Баҳри Сиёҳ аз ҷониби Украинаро шарҳ дод.
Ахиран Маск гуфта буд, ки дар сурати идомаи низоъ, Русия қаламравҳои бештар ба даст меорад ва Киев метавонад назорати Одесса ва дастрасӣ ба Баҳри Сиёҳро аз даст диҳад.
"Ҳамлаи ҷавобии Украина яке аз шикастҳои бузургтарин дар таърихи ҷанги муосир буд, ки танкҳо ва сарбозон дар майдонҳои мина ҳаракат мекарданд, дар ҳоле ки артиллерияи Русия аз мавқеъҳои пурқувват ба болои онҳо оташ мерехт", - гуфт Сакс.
Ба гуфтаи ӯ, пуштибонии беэҳтиётонаи Вашингтон аз Киев ба вазъи кунунии Украина оварда расонд.
"Ин одамон аблаҳон ҳастанд, ки ба онҳо набояд эътимод кард, афзуд соҳибкор.
Миллиардер афзуд, то замоне, ки раҳбарияти Амрико барои чунин сиёсат ба ҷавобгарӣ кашида нашавад, ин кишвари Аврупои Шарқӣ бо таҳдиди нестшавӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Генеральный директор медиагруппы Россия сегодня Дмитрий Киселев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Ҳукми қатли террористон ғайриимкон аст: Киселёв гуфт, азми қасос набояд хирадро тира кунад
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0