https://sputnik.tj/20240330/tojikiston-hamla-terroristi-krokus-muhojiron-mehnat-purzur-1062271794.html
Тоҷикистон баъди ҳамлаи террористӣ дар Крокус кор бо муҳоҷирони меҳнатиро пурзӯр мекунад
Тоҷикистон баъди ҳамлаи террористӣ дар Крокус кор бо муҳоҷирони меҳнатиро пурзӯр мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадаф аз пурзӯр шудани кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ин пешгирӣ кардан аз шомилшавии онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ рабт дода мешавад
2024-03-30T12:06+0500
2024-03-30T12:06+0500
2024-03-30T12:33+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061225415_0:211:2893:1838_1920x0_80_0_0_5f13f3d3769e4dd990a4ec7a02949c1a.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро бо муҳоҷирони корӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомилшавии онҳо ба ҷомеаҳои ифротгаро дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русия ва дохили Тоҷикистон пурзӯр мекунад.Дар ин бора ТАСС бо такя ба муовини вазири меҳнат Шаҳноза Нодирӣ хабар дод.Зикр гардид, ки чунин тадбир пас аз ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Хол, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз гумонбарони асосӣ номбурда мешаванд, рӯи даст гирифта шуд.Муовини вазир қайд кард, ки ба пешгирии ҷалби кадрҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода мешавад. Вай афзуд, дар кишварҳои дигар, ки шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва диаспораҳо ташкил шудаанд, низ кор идома дорад.Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити ХоллҲамла ба толори консертии Крокус Сити Холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, хостанд ба Украина фирор кунанд.Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.
https://sputnik.tj/20240328/peterburg-tojikistoni-izhorot-hamla-krokus-bozdosht-1062249575.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061225415_82:0:2813:2048_1920x0_80_0_0_fbd84e2da075245a6e2dea55e4386d44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон муҳоҷирон
Тоҷикистон баъди ҳамлаи террористӣ дар Крокус кор бо муҳоҷирони меҳнатиро пурзӯр мекунад
12:06 30.03.2024 (Навсозишуда: 12:33 30.03.2024) Ҳадаф аз пурзӯр шудани кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ин пешгирӣ кардан аз шомилшавии онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ рабт дода мешавад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро бо муҳоҷирони корӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомилшавии онҳо ба ҷомеаҳои ифротгаро дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русия ва дохили Тоҷикистон пурзӯр мекунад.
Дар ин бора ТАСС бо такя ба муовини вазири меҳнат Шаҳноза Нодирӣ хабар дод.
Зикр гардид, ки чунин тадбир пас аз ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Хол, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз гумонбарони асосӣ номбурда мешаванд, рӯи даст гирифта шуд.
"Ҳоло мо кори худро пурзӯр кардем, 23 март бо супориши вазир ба намояндагии Вазорати меҳнат оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар Русия ҷиҳати пурзӯр намудани кор оид ба пешгирии шомилшавӣ ба ҷомеаҳои ифротӣ мактуб ирсол гардид. Кор тавассути сохторҳои хадамоти муҳоҷират, ки дар тамоми минтақаҳо намояндагӣ мекунанд, тақвият дода шуд", - гуфт ӯ.
Муовини вазир қайд кард, ки ба пешгирии ҷалби кадрҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода мешавад.
Вай афзуд, дар кишварҳои дигар, ки шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва диаспораҳо ташкил шудаанд, низ кор идома дорад.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Ҳамла ба толори консертии Крокус Сити Холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.
Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, хостанд ба Украина фирор кунанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.