Дар Петербург як тоҷикистониро барои изҳороташ дар бораи ҳамла ба Крокус боздошт карданд

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2024
Обуна шудан
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, шаҳрванди Тоҷикистон шарҳҳое нашр мекард, ки ҳамлаи террористиро дар Крокус сафед мекарданд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург пас аз изҳороташ дар бораи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл ба сафед кардани терроризм муттаҳам мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ситоди шаҳрии Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод.
"Шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон, ки дар Русия сабти ном надоштааст, дар содир кардани ҷиноят бар асоси қисми 2 моддаи 205.2-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (сафедсозии терроризм) муттаҳам мешавад", - омадааст дар хабарнома.
а гуфтаи муфаттишон, гумонбаршуда аз 24 то 25 март дар интернет шарҳҳое нашр кардааст, ки ҳамлаи террористиро дар Крокус Сити Холл сафед мекунанд.
Ҳоло масъалаи ба ҳабс гирифтани ӯ баррасӣ мешавад.

Фоҷеа дар Крокус Сити Холл

Ҳамла ба толори консертии Крокус Сити Холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.
Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, хостанд ба Украина фирор кунанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0