Раҳмон квота барои ҷалби коргарони хориҷиро кам кард

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2024
Обуна шудан
Квотаҳо асосан барои шаҳрвандони Чин ҷудо карда шудаанд, ки солҳои охир фаъолияташро дар бахшҳои мухталиф, аз кишоварзӣ то саноат таҳким бахшидаст
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон теъдоди квотаҳо барои кормандони хориҷӣ дар ҷумҳуриро 6500 адад муқаррар кардааст, ки нисбати соли қаблӣ ҳудуди ҳазор адад камтар аст.
Фармони президент дар ин бора моҳи равон имзо шуда, шумораи квотаҳо барои соли 2024-ро муқаррар кардаст.
Наздики 70%-и квотаҳо барои кормандон аз Чин ҷудо гардида, ба панҷгонаи фиристандаи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ҳамчунин Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Туркия ворид гардиданд.
Единый миграционный центр Московской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2024
Дар назар аст муҳоҷиронро дар Русия аз тариқи профилҳои рақамӣ назорат кунанд
Хориҷиҳо дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон, аз кишоварзӣ то нақлиёту энергетика фаъолият доранд.
Ахиран Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, ҷалби қувваи корӣ аз берун тибқи квота сурат гирифта, соли 2023 маҷмуан ба зиёда 7 ҳазор хориҷӣ иҷозати кор дар Тоҷикистон дода шудаст.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, соли гузашта ба зиёда аз 360 субъекти хоҷагидор иҷозатнома барои ҷалби мутахассисон аз хориҷи кишвар дода шудааст.
Инчунин бархе ширкатҳо уҳдадоранд, ки танҳо 10%-и кормандонашро аз ҳисоби хориҷиҳо ва боқимондаро аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ таъмин намоянд, афзуд Вазорат.
Лентаи хабарҳо
0