https://sputnik.tj/20240329/lavrov-kafolatho-rusiya-muzokiroti-ukraina-1062259478.html
Лавров аз кафолатҳои Русия ба иштирокдорони музокироти Украина гуфт
Лавров аз кафолатҳои Русия ба иштирокдорони музокироти Украина гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Русия аз кафолатҳои тарафайни манофеи амниятӣ дар Украина ҷонибдорӣ хоҳад кард ва пешниҳоди ҷониби Чинро мақбул донист, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии кишвар
2024-03-29T13:10+0500
2024-03-29T13:10+0500
2024-03-29T18:16+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сиёсат
амният ва мудофиа
сергей лавров
ғарб
донбасс
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/10/1061724521_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_ce89370391cdd47f2ab0249c62a27068.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар сурати бо роҳи мусолиматомез ҳал шудани низоъ дар Украина, Русия омода аст, манофеъ қонунии амниятии дигар ширкаткунандагони ин равандро кафолат диҳад.Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров дар мусоҳиба бо нашрияи "Известия" баён дошта, афзуд, Маскав кафолатҳоро дар сурате ироа мекунад, ки агар ҳамин кафолатҳо ба худи ӯ дода шавад.Ба гуфтаи вай, ташаббуси сулҳи Чин, ки Пекин дар моҳи феврали соли 2023 пешниҳод кард ва аз 12 банд иборат аст, дар бораи ақли солим сӯҳбат мекунад ва Русия ба ин санад посухи мусбат додааст."Дар муқоиса бо "формула"-и Зеленский, ки аз нуқтаи назари дурнамои дипломатӣ девонавор аст, ин ҳуҷҷати чинӣ ба таҳлили сабабҳои рухдода ва зарурати аз байн бурдани онҳо асос ёфтааст", - афзуд Лавров. Дар санад "бетартибӣ" дар соҳаи амният дар Аврупо ва ҷаҳон, инчунин далели он, ки сабаби ин бетартибӣ риоя накардани Оинномаи СММ аст, таъкид шудаст ва ин ҳам мавқеи мост, гуфт Лавров.Вай инчунин қайд кард, ки дар санади чинӣ гуфта мешавад, ки таҳримҳои якҷониба, ки Ғарб "хеле пеш аз оғози амалиёти махсуси низомӣ ба таври фаъол ба кор бурдани он оғоз кардааст, низ як омили халалзо аст, ки бояд бартараф карда шаванд". Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20240312/nizomiyon-ukraina-aholi-jonibdori-rusiya-1062009869.html
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/10/1061724521_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_8c3fcfaa7476253b6aeea6da66318b65.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кафолат, амниятӣ, украина, маскав, чин
кафолат, амниятӣ, украина, маскав, чин
Лавров аз кафолатҳои Русия ба иштирокдорони музокироти Украина гуфт
13:10 29.03.2024 (Навсозишуда: 18:16 29.03.2024) Русия аз кафолатҳои тарафайни манофеи амниятӣ дар Украина ҷонибдорӣ хоҳад кард ва пешниҳоди ҷониби Чинро мақбул донист, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии кишвар
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар сурати бо роҳи мусолиматомез ҳал шудани низоъ дар Украина, Русия омода аст, манофеъ қонунии амниятии дигар ширкаткунандагони ин равандро кафолат диҳад.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров дар мусоҳиба бо нашрияи "Известия" баён дошта, афзуд, Маскав кафолатҳоро дар сурате ироа мекунад, ки агар ҳамин кафолатҳо ба худи ӯ дода шавад.
Ба гуфтаи вай, ташаббуси сулҳи Чин, ки Пекин дар моҳи феврали соли 2023 пешниҳод кард ва аз 12 банд иборат аст, дар бораи ақли солим сӯҳбат мекунад ва Русия ба ин санад посухи мусбат додааст.
"Дар муқоиса бо "формула"-и Зеленский, ки аз нуқтаи назари дурнамои дипломатӣ девонавор аст, ин ҳуҷҷати чинӣ ба таҳлили сабабҳои рухдода ва зарурати аз байн бурдани онҳо асос ёфтааст", - афзуд Лавров.
Дар санад "бетартибӣ" дар соҳаи амният дар Аврупо ва ҷаҳон, инчунин далели он, ки сабаби ин бетартибӣ риоя накардани Оинномаи СММ аст, таъкид шудаст ва ин ҳам мавқеи мост, гуфт Лавров.
Вай инчунин қайд кард, ки дар санади чинӣ гуфта мешавад, ки таҳримҳои якҷониба, ки Ғарб "хеле пеш аз оғози амалиёти махсуси низомӣ ба таври фаъол ба кор бурдани он оғоз кардааст, низ як омили халалзо аст, ки бояд бартараф карда шаванд".
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.