Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Низомиёни Украина аз аҳолии ҷонибдори Русия ҳарос доранд

Обуна шудан
Дар шаҳри Купаянск дар мавриди сокинони маҳаллие қисса мешавад, ки ба иттилои нашрияи амрикоӣ ҷонибдори Русияанду барои низомиёни украинӣ хавф доранд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Артиши украинии мустақар дар Купянск аз сокинони маҳаллии тарафдори Русия, ки мехоҳанд ин шаҳр зери назорати Русия шавад, хавф доранд.
Дар ин бора нашрияи амрикоии Daily Beast пас аз сӯҳбат бо сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Украина менависад.
Онҳо гуфтанд, ки аз тамаркузи оташ дар нуктаҳои ҷойгиршавӣ метарсанд, то ҳадди имкон дар хонаҳои гуногун ҷойгир шуданд.
Илова бар ин, дар миёни низомиёни украинӣ дар ин шаҳр дар бораи додани ғизои заҳролудшуда ба сарбозон аз ҷониби шаҳрвандони мулкӣ нақлҳо мекунанд.
Дар моҳҳои охир артиши Русия амалиёти бомуваффақияти ҳамлаии худро дар Донетск густариш додааст.
Президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Киев гуфтанд, кӣ ба Макрон иҷозати интиқоли нерӯ ба Украинаро намедиҳад
Қаблан вазири дифои Русия, Сергей Шойгу аз озодии комили Маринка, воқеъ дар наздикии Донетск хабар дода, шоми 17 феврал ба президент Владимир Путин дар бораи озодсозии Авдеевка ҳисобот дод.
Озод кардани минтақаҳо хати ҷабҳаро аз Донетск дур бурда, аз зарбаҳо амнтар кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0