https://sputnik.tj/20240327/saforat-tojikistoniho-rusiya-dom-fireb-ifrotgaro-naaftand-1062232580.html
Сафорат аз тоҷикистониҳо дар Русия хост ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд
Сафорат аз тоҷикистониҳо дар Русия хост ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон аз гурӯҳҳои телеграмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор дод, ки он ҷо шаҳрвандонро барои анҷоми амалҳои террористӣ ҷалб мекунанд
2024-03-27T12:04+0500
2024-03-27T12:04+0500
2024-03-27T12:23+0500
дар тоҷикистон
дар русия
сафорати тоҷикистон дар фр
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102980/10/1029801028_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6806137e3b72b8f8a92c330c5a361635.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар робита ба фоҷеаи даҳшатбор дар Крокус ва муттаҳам шудани чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳодисаи нангин, сафорати Тоҷикистон дар Русия бо як паём ба тоҷикистониҳо дар Русия муроҷиат намудааст. Дар паёми сафорат омадааст, ки вазъ барои шаҳрвандони хориҷӣ тағийр наёфтаааст, танҳо пас аз ин ҳодисаи пурқурбонӣ назорат дар тамоми муассисаҳо, ҷойҳои серодам, корхонаву марказҳои савдо пурзӯр карда мешавад.Дар робита, ин ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки алъон дар Русия кору зиндагӣ доранд, даъват намуд, ки ба маълумотҳои сохта ва беасосе, ки аз ҷониби гурурҳҳои алоҳида ва шахсони ҷудогона таҳия ва нашр карда мешаванд бовар накунанд.Сафорат ҳамчунин аз гурӯҳҳои телеграммӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки дар онҳо гурӯҳҳои тундгаро барои анҷоми амалҳои террористӣ шаҳрвандонро ҷалб мекунанд.Ҳамзамон, зикр гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳатман ҳангоми кор, таҳсил, табобат ва ё сайёҳат дар қаламрави Русия тибқи талаботи қонунгузории ин кишвар таҳия намоянд.Ёдовар мешавем, рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.Чанд нафар дар тан камуфляж ва бе ниқоб вориди бинои марказ шуда, ба сӯи одамон тир холӣ карданд ва толори консертиро оташ заданд.Бар асари ин ҳодисаи мудҳиҳ 139 нафар, аз ҷумла се кӯдак ҷон бохтанд.Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд боздошт шуданд.
https://sputnik.tj/20240327/gulmahmadzoda-kitob-tasliyat-vukh-rusiya-sabt-1062231339.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102980/10/1029801028_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_37dfac7d3928bfa5c615b6f34c9906ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафорат тоҷикистон русия крокус
сафорат тоҷикистон русия крокус
Сафорат аз тоҷикистониҳо дар Русия хост ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд
12:04 27.03.2024 (Навсозишуда: 12:23 27.03.2024) Сафорати Тоҷикистон аз гурӯҳҳои телеграмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор дод, ки он ҷо шаҳрвандонро барои анҷоми амалҳои террористӣ ҷалб мекунанд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар робита ба фоҷеаи даҳшатбор дар Крокус ва муттаҳам шудани чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳодисаи нангин, сафорати Тоҷикистон дар Русия бо як паём ба тоҷикистониҳо дар Русия муроҷиат намудааст.
Дар паёми сафорат омадааст, ки вазъ барои шаҳрвандони хориҷӣ тағийр наёфтаааст, танҳо пас аз ин ҳодисаи пурқурбонӣ назорат дар тамоми муассисаҳо, ҷойҳои серодам, корхонаву марказҳои савдо пурзӯр карда мешавад.
Дар робита, ин ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки алъон дар Русия кору зиндагӣ доранд, даъват намуд, ки ба маълумотҳои сохта ва беасосе, ки аз ҷониби гурурҳҳои алоҳида ва шахсони ҷудогона таҳия ва нашр карда мешаванд бовар накунанд.
Сафорат ҳамчунин аз гурӯҳҳои телеграммӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки дар онҳо гурӯҳҳои тундгаро барои анҷоми амалҳои террористӣ шаҳрвандонро ҷалб мекунанд.
"Аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз чунин ҳолатҳо эҳтиёткор бошанд, то ба доми фиреби гуруҳҳои ифротгароӣ наафтанд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳатман ҳангоми кор, таҳсил, табобат ва ё сайёҳат дар қаламрави Русия тибқи талаботи қонунгузории ин кишвар таҳия намоянд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар дар тан камуфляж ва бе ниқоб вориди бинои марказ шуда, ба сӯи одамон тир холӣ карданд ва толори консертиро оташ заданд.
Бар асари ин ҳодисаи мудҳиҳ 139 нафар, аз ҷумла се кӯдак ҷон бохтанд.
Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд боздошт шуданд.