https://sputnik.tj/20240327/gulmahmadzoda-kitob-tasliyat-vukh-rusiya-sabt-1062231339.html
Гулмаҳмадзода дар китоби таслият дар Вазорати умури хориҷии Русия сабт гузошт
Гулмаҳмадзода дар китоби таслият дар Вазорати умури хориҷии Русия сабт гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари намояндагии Тоҷикистон дар китоби таслият дар Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита ба қурбониёни сершумори ҳамлаи террористӣ навиштае гузоштааст
2024-03-27T09:46+0500
2024-03-27T09:46+0500
2024-03-27T12:55+0500
дар тоҷикистон
русия
давлатшоҳ гулмаҳмадзода
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062229167_3:0:2558:1437_1920x0_80_0_0_5225cca97a5587166c4b887b6aa63850.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл изҳори ҳамдардӣ кард.Дар ин бора сафорати ҷумҳурӣ дар Маскав хабар медиҳад. Сардори намояндагии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дидан кард. Ӯ дар китоби таслият дар робита ба фоҷеа, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл рух дод, навиштае гузоштааст.Гулмаҳмадзода ба аҳли хонавода ва наздикони қурбониёни ҳамлаи террористӣ изҳори тасаллияти самимӣ намуда, инчунин ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст.Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.Чанд нафар дар тан камуфляж ва бе ниқоб вориди бинои марказ шуда, ба сӯи одамон тир холӣ карданд ва толори консертиро оташ заданд.Масоҳати сӯхтор беш аз 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод. Алангаи оташро чанд чархбол хомӯш карданд.Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 139 нафар расидааст, ки се нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ҳамчунин 182 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Вазъияти 9 нафар, аз ҷумла як кӯдак вазнин аст.Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо боздошт шуданд. Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холлро то 22 май боздошт кард. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Баъдан додгоҳ чаҳор шарики дигари террористиро ба боздоштгоҳи тафтишотӣ фиристод. Чор нафар аз ҷинояткорон ба гуноҳи худ иқрор шуданд.Онҳо ба содир кардани ҳамлаи террористӣ, ки дар ҳайати гурӯҳи муташаккил боиси марги як нафар шудааст, муттаҳам карда шуданд.
https://sputnik.tj/20240326/qaziya-krokus-mufattishon-rusiya-tojikiston-1062224899.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062229167_412:0:2328:1437_1920x0_80_0_0_198f47d4eeb407ac05dea9c3a0bc7eb5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон крокус
Гулмаҳмадзода дар китоби таслият дар Вазорати умури хориҷии Русия сабт гузошт
09:46 27.03.2024 (Навсозишуда: 12:55 27.03.2024) Раҳбари намояндагии Тоҷикистон дар китоби таслият дар Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита ба қурбониёни сершумори ҳамлаи террористӣ навиштае гузоштааст
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар ин бора сафорати ҷумҳурӣ дар Маскав хабар медиҳад.
Сардори намояндагии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дидан кард. Ӯ дар китоби таслият дар робита ба фоҷеа, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл рух дод, навиштае гузоштааст.
Гулмаҳмадзода ба аҳли хонавода ва наздикони қурбониёни ҳамлаи террористӣ изҳори тасаллияти самимӣ намуда, инчунин ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст.
Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар дар тан камуфляж ва бе ниқоб вориди бинои марказ шуда, ба сӯи одамон тир холӣ карданд ва толори консертиро оташ заданд.
Масоҳати сӯхтор беш аз 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод. Алангаи оташро чанд чархбол хомӯш карданд.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 139 нафар расидааст, ки се нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҳамчунин 182 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Вазъияти 9 нафар, аз ҷумла як кӯдак вазнин аст.
Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо боздошт шуданд.
Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холлро то 22 май боздошт кард. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Баъдан додгоҳ чаҳор шарики дигари террористиро ба боздоштгоҳи тафтишотӣ фиристод.
Чор нафар аз ҷинояткорон ба гуноҳи худ иқрор шуданд.Онҳо ба содир кардани ҳамлаи террористӣ, ки дар ҳайати гурӯҳи муташаккил боиси марги як нафар шудааст, муттаҳам карда шуданд.