“Қазияи Крокус”: Муфаттишони Русия ба Тоҷикистон омаданд

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкТеракт в "Крокус Сити Холле".
Теракт в Крокус Сити Холле.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Обуна шудан
Гуфта мешавад, ки наздикони муттаҳамон аз маҳалҳои зисти худ ба Душанбе оварда мешаванд, то муфаттишони Русия тавонанд бо онҳо суҳбат кунанд
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Як гуруҳе аз муфаттишони Русия дар робита ба таҳқиқи фоҷиаи Крокус Сити Ҳоли Маскав вориди Тоҷикистон шудаанд.
Дар ин бора як манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар мақомоти қудратии кишвар изҳор дошт.
Ба иттилои манбаъ, як гуруҳ аз мақомоти мухталифи зидахли Русия ду рӯз ба ин сӯ дар Душанбе қарор доранд.

“Ҳадафи сафари онҳо бозпурсии наздикони афродест, ки омилони аслии амалиёти террористӣ дар толори консертии Крокус Сити Ҳолли шаҳри Маскави Русия мебошанд”, - гуфт манбаъ.

Ба қавли он, наздикони онҳо аз маҳалҳои зисти худ ба Душанбе оварда мешаванд, то муфаттишони Русия тавонанд бо онҳо суҳбат кунанд.
“Аз ҷониби Тоҷикистон низ тамоми мақомоти зидахл, аз ҷумла КДАМ и ВКД бо ҳамтоёни руси худ ҳкмаорӣ мекунанд”, - гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.
Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯҳ кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.
Президент РФ В. Путин провел совещание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Муҳим фармоишгар: Путин баъд аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус ҷаласа анҷом дод
Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 139 нафар расидааст, ки се нафари онҳо кӯдакон мебошанд. 182 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо боздошт шуданд.
Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳамро дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл боздошт кард. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба ҳабси пешакӣ барои ду моҳ равон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0