https://sputnik.tj/20240326/rusiya-muhlat-shartnoma-mehnat-muhojiron-mahdud-1062223160.html
Русия метавонад мӯҳлати бастани шартномаи меҳнатиро бо муҳоҷирон маҳдуд кунад
Русия метавонад мӯҳлати бастани шартномаи меҳнатиро бо муҳоҷирон маҳдуд кунад
Sputnik Тоҷикистон
Агар корфармо пеш аз мӯҳлат шартномаро бо коргари хориҷӣ дар доираи ҷалби дастаҷаъӣ қатъ кунад, муҳоҷир вазифадор аст давоми 30 рӯз ҳудуди Русияро тарк кунад
2024-03-26T18:19+0500
2024-03-26T18:19+0500
2024-03-26T18:19+0500
дар русия
муҳоҷират
шартнома
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061219201_0:52:3088:1789_1920x0_80_0_0_66a697dfa3adb580e41bc702b3ec0cd8.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Муҳлати шартномаи кутоҳмуддати меҳнатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия то ду сол маҳдуд карда шавад. Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба суханони раиси Кумитаи меҳнати Думаи давлатии Русия Ярослав Нилов хабар додааст. Вай тавзеҳ дод, ки агар корманд аз корфармо қаноатманд бошад, метавонад шартномаро тамдид кунад. Вай афзуд, ки муҳоҷирати корӣ дар Русия бояд тибқи дархост - "ба як минтақаи мушаххас, мутахассисони мушаххас" сурат гирад. Қаблан Вазорати меҳнат лоиҳаи қонунеро омода карда буд, ки дар он пешниҳод карда шуд, ки мӯҳлати шартномаи меҳнатии муҳоҷир то ду сол маҳдуд карда шавад, ба шарте ки ӯ дар як корфармо кор кунад. Акнун корфармоён метавонанд бо шаҳрвандони хориҷӣ ба таври мӯҳлатнок шартномаи меҳнатӣ банданд. Шартномаҳо "бо тартиби қабули мақсаднок ва муташаккилона" баста мешаванд. Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ шудани шартнома, муҳоҷир бояд давоми 30 рӯз аз Федератсияи Русия хориҷ шавад. Лоиҳаи қонун дар портали федералии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудааст.
https://sputnik.tj/20240314/korshinos-markazhoi-niruyob-tojikiston-muhojirat-video-1062050510.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061219201_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e9749d445cf7e760f91194099696c568.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия мӯҳлат шартнома меҳнат муҳоҷирон маҳдуд
русия мӯҳлат шартнома меҳнат муҳоҷирон маҳдуд
Русия метавонад мӯҳлати бастани шартномаи меҳнатиро бо муҳоҷирон маҳдуд кунад
Агар корфармо пеш аз мӯҳлат шартномаро бо коргари хориҷӣ дар доираи ҷалби дастаҷамъӣ қатъ кунад, муҳоҷир вазифадор аст давоми 30 рӯз ҳудуди Русияро тарк кунад
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Муҳлати шартномаи кутоҳмуддати меҳнатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия то ду сол маҳдуд карда шавад.
Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба суханони раиси Кумитаи меҳнати Думаи давлатии Русия Ярослав Нилов хабар додааст.
Вай тавзеҳ дод, ки агар корманд аз корфармо қаноатманд бошад, метавонад шартномаро тамдид кунад.
"Сухан дар бораи шартномаҳои кӯтоҳмуддат меравад, на дарозмуддат. Шартномаи кӯтоҳмуддатро метавон тамдид кард: агар мутахассиси хориҷӣ ба корфармо мувофиқ бошад, вай ҳамеша шартномаро бо ӯ тамдид мекунад. Аз ин рӯ, ман албатта онро ҷонибдорӣ мекунам", — шарҳ дод Нилов.
Вай афзуд, ки муҳоҷирати корӣ дар Русия бояд тибқи дархост - "ба як минтақаи мушаххас, мутахассисони мушаххас" сурат гирад.
Қаблан Вазорати меҳнат лоиҳаи қонунеро омода карда буд, ки дар он пешниҳод карда шуд, ки мӯҳлати шартномаи меҳнатии муҳоҷир то ду сол маҳдуд карда шавад, ба шарте ки ӯ дар як корфармо кор кунад.
Акнун корфармоён метавонанд бо шаҳрвандони хориҷӣ ба таври мӯҳлатнок шартномаи меҳнатӣ банданд.
Шартномаҳо "бо тартиби қабули мақсаднок ва муташаккилона" баста мешаванд. Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ шудани шартнома, муҳоҷир бояд давоми 30 рӯз аз Федератсияи Русия хориҷ шавад.
Лоиҳаи қонун дар портали федералии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудааст.