Коршинос: таъсиси маркази нирӯёбӣ дар Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ муҳим аст - видео

Обуна шудан
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон марказҳои нирӯёбӣ таъсис дода мешаванд, ки дар онҷо шаҳрвандони кишвар барои кор дар Русия таълим дода мешаванд
Муҳоҷирони корӣ дар ин марказҳо касб меомӯзанд, ихтисоси худро такмил медиҳанд ва ихтисос нав мегиранд.
Коршинос ва Раиси Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев дар ин бора шарҳ дод.
“Ман фикр мекунам, ки ин масъала муҳим аст, бахусус ҳоло шумори созмонҳое, ки мехоҳанд шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро ҷалб кунанд, зиёд шудааст. Ин барнома барои ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва кафолату имтиёзҳои иҷтимоӣ ва пардохти музди меҳнат равона шудааст”, - гуфт ӯ.
Санади нав барои муҳоҷирон дар Русия метавонад ҷорӣ шавад: Пулашро кӣ медиҳад?
Бояд қайд кард, ки ба иттилои мақомоти Русия дар қаламрави ин кишвар беш аз 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ин оморро рад мекунад ва мегӯяд дар қаламрави Русия каме беш аз 600 ҳазор шаҳрванди кишвар кору зиндагӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0