Раҳмон хостори ҳифзи ҷавонон аз таъсири "гурӯҳу ҳаракатҳои даҳшатафкан" шуд

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Обуна шудан
Сарвари ҷумҳурӣ аз тоҷикистониён даъват кард, то ба тарбияи фарзандон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд, то онҳо аз ҷинояткорӣ эмин нигоҳ дошта шаванд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холлро нангин ва даҳшатбор хонд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Вай зимни суханронӣ дар ҳузури шаҳрвандон, аз сокинони кишвар даъват кард, ки ба тарбияи фарзандон боз ҳам бештар диққат диҳанд, то онҳоро аз ҷиноят муҳофизат кунанд.
"Мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобиовар ва даҳшатовар ҳифз намуда, нагузорем, ки фарзандонамон номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва волидони онҳоро бадном кунанд", - таъкид дошт Раҳмон.
Сарвари давлат бори дигар аз вазъи ташвишовар дар ҷаҳони муосир, таҳдиду хатарҳои замони мо, аз ҷумла пурзӯр шудани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ ва сабабу омилҳои мусоидаткунанда ёдовар шуд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон ин ҳодисаро маҳкум карда, дар як сӯҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки “террористон на миллат доранд, на ватан ва на дин".
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2024
Раҳмон ба Путин: “Террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аҳли хонавода ва наздикони кушташудагон дар фоҷеаи мудҳиш таслият ва ҳамдардии амиқ баён карда, ҳамчунин ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар орзу кардааст.
Раҳмон дар лаҳзаҳои ғамангези мотами миллӣ ҳамраъии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бо мардуми бародари Русияро баён дошт.
Лентаи хабарҳо
0