Муҳим фармоишгар: Путин баъд аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус ҷаласа анҷом дод

© Sputnik / Сергей Ильин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел совещание Совбеза РФ
Президент РФ В. Путин провел совещание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Обуна шудан
Президент гуфт, ҳоло ИМА тавассути шабакаҳои гуногун кӯшиш мекунад, ҳамаро мутақоид созад, ки гӯё дар ин ҷиноят изи украинӣ нест ва дар паси он ДОИШ* аст.
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ҳамла ба Крокус Сити Холл аз ҷониби исломгароёни тундгаро анҷом дода шуд, аммо Маскав ба фармоишгар муҳи аст.
Дар ин бора Владимир Путин дар ҷаласае оид ба чораҳои андешидашуда пас аз ҳамлаи террористӣ изҳор дошт.
"Мо медонем, ки ҷиноят бо дасти исломгароёни тундрав содир шудааст, ки худи ҷаҳони исломӣ садсолаҳо боз бо идеологияи онҳо мубориза мебарад. <...> Мо ба он таваҷҷӯҳ дорем, ки фармоишгар кист", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи президент, ҳоло Иёлоти Муттаҳида тавассути шабакаҳои гуногун кӯшиш мекунад, ки ҳамаро мутақоид созад, ки гӯё дар ин ҷиноят осори украинӣ нест ва дар паси он ДОИШ* аст.
Вай афзуд, бояд ба суолҳои зиёде посух гирифт, бахусус, оё исломгароён воқеан тасмим гирифтаанд, ба Русия зарба зананд, бо вуҷуди он ки Маскав имрӯз ҷонибдори ҳалли одилонаи низоъ дар Ховари Миёна аст.
Сафорати Русия дафтари ёдбуди ҳодисаи террористии ахир дар Маскав боз кард. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2024
Аз ҳамдардии сарвазир то сафирон: Дар сафорати Русия дар Душанбе дафтари ёдбуд боз шуд
"Ҷиноятҳои даҳшатноке, ки рӯзи 22 март дар пойтахти Русия содир шуд, як амали тарсонданист. Ва дарҳол саволе ба миён меояд: ин ба кӣ нафъ дорад? Ин ваҳшигарӣ метавонад танҳо як пайванди як силсила кӯшишҳои онҳое бошад, ки аз соли 2014 ба ин сӯ, ки бо дасти режими нозии Киев бо кишвари мо меҷанганд", - қайд кард Путин.
Вай афзуд, ки ҳадаф аз ин гуна амалҳо дар ҷомеа коштани воҳима аст.
Президент қайд кард, ки онҳое, ки Киевро дастгирӣ мекунанд, намехоҳанд шарики терроризм бошанд, аммо саволҳои зиёд боқӣ мондаанд. Аз ҷумла бояд муайян кард, ки чаро ҷинояткорон пас аз ҳамла ба Крокус ба Украина фирор кардаанд ва дар онҷо кӣ онҳоро интизор буд.
Уполномоченный по правам человека в РФ Татьяна Москалькова. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2024
Даъвати Москалкова аз хадамоти махсус барои пайдо кардани фармоишгарони ҳамлаи террористӣ
Сарвари давлат инчунин ба хешу табор ва наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба ҷароҳатбардоштагон шифо таманно кардааст. Ӯ ба ҳамаи онҳое, ки ба осебдидагон кумак кардаанд, ташаккур гуфт.
Ба гуфтаи Путин, русҳо намунаи ҳамбастагӣ, ваҳдат ва пуштибонии ҳамдигарро нишон доданд.
"Онҳое, ки ин ҳамлаи террористиро тарҳрезӣ кардаанд, умедвор буданд, ки дар ҷомеъаи мо ваҳму ихтилоф мепошанд, аммо бо ваҳдат ва азми муқовимат ба ин бадӣ рӯбарӯ шуданд",- гуфт ӯ.
Путин афзуд, сарфи назар аз дарду андӯҳ ва хоҳиши қонунӣ барои муҷозоти ҷинояткорон, тафтишот бояд объективӣ ва бидуни ғараз анҷом дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.
Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯҳ кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.
Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.
Избрание меры пресечения подозреваемым в теракте в Крокус Сити Холл  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2024
Русия бо Тоҷикистон дар таҳқиқи ҳамла ба "Крокус" ҳамкорӣ мекунад
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 137 нафар расидааст, ки се нафари онҳо кӯдакон мебошанд. 180 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо боздошт шуданд.
Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳамро дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл боздошт кард. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба ҳабси пешакӣ барои ду моҳ равон шудаанд.
*-созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0