Индонезия бораи ИИАО нақшаҳои калон дорад ва хоҳони имзои тезтари созиш аст

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЕвразийский экономический форум в Москве
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Обуна шудан
Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Индонезия талош доранд, ки ҳарҷи тезтар то oхири соли ҷорӣ созишномаи тиҷорати озодро имзо кунанд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар кӯшиши пайдо кардани бозорҳои нави содиротӣ, Индонезия нақша дорад, ки бо Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расонад.
Дар ин бора "Jakarta Globe" хабар медиҳад.
Ба навиштаи нашрия, ахиран дар Арманистон музокироте сурат гирифт, ки дар ҷараёни он имкони ба даст овардани тавофуқҳои муайян ва инчунин мувофиқа кардани бобҳои муайяни ҳуҷҷат сурат гирифт.
"Агар мо дар ҳамин рӯҳия идома диҳем, хушбин ҳастам, метавонем ба ҳадафи бастани созишномаи тиҷорати озод байни Индонезия ва ИИАО дар соли ҷорӣ ноил шавем",- гуфт Ҷони Марти, директори музокироти дуҷонибаи Вазорати савдо.
Ба гуфтаи сардори шӯъбаи масъалаҳои махсуси танзими савдои Департаменти сиёсати савдои КИАО Антон Тсетсиновский, мо бо шарики худ талоши наздик шудан ба анҷоми моҳиявии музокирот дар соли ҷориро дорем.
Марҳилаи навбатии музокирот бояд моҳи июл баргузор шавад.
Ёдовар мешавем: тасмим дар бораи оғози музокирот бо Индонезия дар бораи бастани созишномаи тиҷорати озод моҳи майи соли 2022 гирифта шуда буд ва даври аввали музокирот моҳи апрели соли гузашта баргузор шуда.
Дар баробари ин, КИАО интизор дорад, ки тамоми гуфтушунидҳо бо Индонезия босуръат сурат гиранд, ки ин имкон медиҳад, дар муддати кӯтоҳ дар шароити маҳдудиятҳои таҳримӣ алайҳи Русия созиш баста шавад.
Заглушка к инфографике - Прогноз по курсу доллара в странах ЕАЭС и Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2024
Пешгӯии қурби доллар дар кишварҳои ИИАО ва Тоҷикистон
Умуман, пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Федератсияи Русия, гардиши тиҷоратии ИИАО ва Индонезия дар охири соли 2022 58% афзоиш ёфтааст.
Ҳоло миёни кишварҳои ИИАО Русия бузургтарин шарики тиҷории Индонезия аст.
Танҳо дар соли 2023 муомилоти мол байни кишварҳо 3,3 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба тиҷорати Индонезия бо кишварҳои дигари иттиҳодия ба таври қобили мулоҳиза зиёд аст.
Молҳои асосии содиротии ИИАО ба Индонезия ангиштсанг, нуриҳои минералӣ ва гандум буда, аз он равғани хурмо, копра, телевизор, мошину таҷҳизоти барқӣ ворид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0