Даъвати Москалкова аз хадамоти махсус барои пайдо кардани фармоишгарони ҳамлаи террористӣ

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкУполномоченный по правам человека в РФ Татьяна Москалькова. Архивное фото
Уполномоченный по правам человека в РФ Татьяна Москалькова. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2024
Обуна шудан
Омбудсмени федеролии Русия мегӯяд, ниҳодҳои истихборотии кишварҳои мухталиф бояд муттаҳид шаванд, то омилони аслии ҳамлаи террористӣ дар Крокусро пайдо кунанд.
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия Татяна Москалкова гуфт, ҳоло муҳим аст, ки фармоишгарони ҳамлаи террористӣ муаян шаванд.
Барои ин ба гуфтаи ӯ, тамоми хадамоти иктишофии кишварҳо бояд бо канор гузоштани ҳама ихтилофоти сиёсӣ дар ҷустуҷӯ ва анҷом додани амалиёти касбии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муттаҳид шаванд.
"Хеле муҳим аст, ки имрӯз тамоми хадамоти махсус бо гузоштани ҳама ихтилофоти сиёсӣ дар ҷустуҷӯ ва анҷоми амалиёти касбии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян кардани омили ин амали даҳшатноки террористӣ муттаҳид шаванд",- гуфт вай зимни гулгузорӣ ба пояи ёдгории Крокус.
Вай ҳамчунин афзуд, ки ҳеҷ як сафоратхона дар қаламрави Русия бетафовут намондааст, парчамҳо дар ҳама ҷо нимафрошта шудаанд.
"Дили мо на танҳо аз хун, балки аз нафрат нисбат ба онҳое, ки тавонистанд ба ин амали дахшатнок даст зананд, хун мерезад. Мо аз кормандони тиб, наҷотдиҳандагон, ки ин шабу руз меҳнат карда, одамонро наҷот доданд, миннатдорем. ”, - афзуд омбудсмен.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода и другие официальные лица оставили записи в книге соболезнований в посольстве России в Таджикистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2024
Сафорати Русия дар Тоҷикистон китоби таслият боз кард
Илова бар ин, Москалкова ба рӯзноманигорон барои инъикоси рӯйдодҳои Крокус Сити Холл изҳори сипос кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.
Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯҳ кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.
Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.
Избрание меры пресечения. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2024
Таҳдиди ҳабси абад ба онҳое, ки дар парвандаи ҳамлаи террористии Крокус даст доранд
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 137 нафар расидааст, ки се нафари онҳо кӯдакон мебошанд. 180 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо боздошт шуданд.
Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳамро дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл боздошт кард. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба ҳабси пешакӣ барои ду моҳ равон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0