https://sputnik.tj/20240325/tahdid-habs-abad-parvanda-hamla-terrorist-krokus-1062197455.html
Таҳдиди ҳабси абад ба онҳое, ки дар парвандаи ҳамлаи террористии Крокус даст доранд
Таҳдиди ҳабси абад ба онҳое, ки дар парвандаи ҳамлаи террористии Крокус даст доранд
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Басмании Маскав парвандаи ҳамаи чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар "Крокус"-ро баррасӣ ва муҷозоти пешакӣ таъин кард 25.03.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-03-25T09:43+0500
2024-03-25T09:43+0500
2024-03-25T14:07+0500
дар русия
ҳамлаи террористӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳабси абад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_0:134:1632:1052_1920x0_80_0_0_b1aea94ecf10332a735b57ab957adac5.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Додгоҳи Басмании Маскав дархости тафтишот дар бораи ҳабси чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаҳои террористӣ дар Крокус Сити Холлро баррасӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳи пойтахти Русия хабар додааст. Гуфта мешавад, ки дар ин парванда маводҳо алайҳи чаҳор муттаҳам ба додгоҳ ҳозир ва ҳамаи онҳо рӯзи 24 март соати 22:40 ба додгоҳ оварда шуданд. Ҳамин тариқ, аввалин нафаре, ки дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус ширкат дошт, Далерҷон Мирзоев буд, ки дар Русия сабти номи муваққатӣ доштааст, вале дар замони боздошташ мӯҳлати он ба охир расида буд, хабар медиҳад РИА "Новости" аз додгоҳи Басмании Маскав. "Зодаи Тоҷикистон, дар Новосибирск сабти номи муваққатии семоҳа дошт, мӯҳлати он гузаштааст", - гуфт ӯ дар додгоҳ тавассути тарҷумон.Дуюми Раҷабализода Саидакрам буд. Дар замони ҷаласаи додгоҳӣ ин зодаи Тоҷикистон дар куҷо сабти ном шуданашро ёд надошт. Аммо муттаҳам шарҳ дод, ки ӯ соли таваллудаш 1994 буда, чаҳор фарзанд дорад. Ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳ, ҳамчунин ба додгоҳи Басманӣ дархост барои боздошти ду муттаҳами дигар дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус - Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ворид шудааст. Шахси сеюми дастдошта дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус дар Красногорск сабти ном шуда, дар як корхонае дар Подолск кор мекард, хабар медиҳад РИА "Новости". Фаридун аввалин шуда дар додгоҳ бо забони русӣ сухан гуфт. Ӯ гуфт, соли 1998 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, як кӯдаки 8-моҳа дорад. Айбдоршаванда дар як корхонаи фаршбарорӣ дар Подолск кор мекард ва дар Красногорск сабти ном шудааст. Чаҳорумӣ қаблан дар сартарошхона дар Иваново кор мекард ва дар онҷо сабти ном шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости". Ба ҳамаи онҳо ҳабси абад таҳдид мекунад. Чаҳор муттаҳам ба содир кардани ҳамлаи террористӣ, ки дар ҳайати гурӯҳи муташаккил боиси марги одамон шуд, муттаҳам шуданд.Ҷазои пешакӣ барои ҳама ба муҳлати 1 моҳу 28 рӯз, яъне то 22 майи соли 2024 ҳабси пешакӣ буд. Ҳамин тариқ, додгоҳ ҳар чаҳор муттаҳами ҳамлаи террористӣ: Далерҷон Мирзоев, Раҷабализода Саидакрами, Фаридуни Шамсидин ва Файзовро ба ҳабси пешакӣ фиристод.Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 133 нафар расидааст. 154 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт. Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯш кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.
https://sputnik.tj/20240324/hamdardem-murdumon-kishvarho-saforatkhona-rusiya-gul-aks-1062194723.html
https://sputnik.tj/20240324/terroriston-din-millat-vatan-izhori-hamdardi-tojikon-mardumi-rusiya-1062195232.html
https://sputnik.tj/20240324/tojikiston-ruzi-motam-rusiya-barnoma-farhangi-varzishi-takhir-1062186337.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_219:78:1632:1138_1920x0_80_0_0_7a0428bcec911e1b3f47af2269df3d3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, ҳамлаи террористӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳабси абад
дар русия, ҳамлаи террористӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳабси абад
Таҳдиди ҳабси абад ба онҳое, ки дар парвандаи ҳамлаи террористии Крокус даст доранд
09:43 25.03.2024 (Навсозишуда: 14:07 25.03.2024) Додгоҳи Басмании Маскав парвандаи ҳамаи чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар "Крокус"-ро баррасӣ ва муҷозоти пешакӣ таъин кард
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Додгоҳи Басмании Маскав дархости тафтишот дар бораи ҳабси чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаҳои террористӣ дар Крокус Сити Холлро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳи пойтахти Русия хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин парванда маводҳо алайҳи чаҳор муттаҳам ба додгоҳ ҳозир ва ҳамаи онҳо рӯзи 24 март соати 22:40 ба додгоҳ оварда шуданд.
"Тафтишот аз додгоҳ дархост кардааст, ки масъалаи боздоштро пушти дарҳои баста баррасӣ намояд", - хабар медиҳад хадамоти матбуотӣ.
Ҳамин тариқ, аввалин нафаре, ки дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус ширкат дошт, Далерҷон Мирзоев буд, ки дар Русия сабти номи муваққатӣ доштааст, вале дар замони боздошташ мӯҳлати он ба охир расида буд, хабар медиҳад РИА "Новости" аз додгоҳи Басмании Маскав.
"Зодаи Тоҷикистон, дар Новосибирск сабти номи муваққатии семоҳа дошт, мӯҳлати он гузаштааст", - гуфт ӯ дар додгоҳ тавассути тарҷумон.
Дуюми Раҷабализода Саидакрам буд. Дар замони ҷаласаи додгоҳӣ ин зодаи Тоҷикистон дар куҷо сабти ном шуданашро ёд надошт.
"Ӯ сабти номро анҷом додааст, аммо дар куҷое дар ёд надорад", - тарҷумоне, ки дар ин раванд ширкат дошт, суханони ӯро чунин тарҷума кард.
Аммо муттаҳам шарҳ дод, ки ӯ соли таваллудаш 1994 буда, чаҳор фарзанд дорад.
Ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳ, ҳамчунин ба додгоҳи Басманӣ дархост барои боздошти ду муттаҳами дигар дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус - Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ворид шудааст.
Шахси сеюми дастдошта дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус дар Красногорск сабти ном шуда, дар як корхонае дар Подолск кор мекард, хабар медиҳад РИА "Новости".
Фаридун аввалин шуда дар додгоҳ бо забони русӣ сухан гуфт. Ӯ гуфт, соли 1998 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, як кӯдаки 8-моҳа дорад. Айбдоршаванда дар як корхонаи фаршбарорӣ дар Подолск кор мекард ва дар Красногорск сабти ном шудааст.
Чаҳорумӣ қаблан дар сартарошхона дар Иваново кор мекард ва дар онҷо сабти ном шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Барои муошират бо додгоҳ ба ӯ тарҷумон лозим буд. Тавассути ӯ фаҳмонд, ки соли 2004 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст ва ҳамагӣ маълумоти миёна дорад", - таъкид кард дафтари матбуоти додгоҳ.
Ба ҳамаи онҳо ҳабси абад таҳдид мекунад. Чаҳор муттаҳам ба содир кардани ҳамлаи террористӣ, ки дар ҳайати гурӯҳи муташаккил боиси марги одамон шуд, муттаҳам шуданд.
Ҷазои пешакӣ барои ҳама ба муҳлати 1 моҳу 28 рӯз, яъне то 22 майи соли 2024 ҳабси пешакӣ буд. Ҳамин тариқ, додгоҳ ҳар чаҳор муттаҳами ҳамлаи террористӣ: Далерҷон Мирзоев, Раҷабализода Саидакрами, Фаридуни Шамсидин ва Файзовро ба ҳабси пешакӣ фиристод.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 133 нафар расидааст. 154 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.
Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯш кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.
Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.