Тоҷикистон ба хотири Рӯзи мотам дар Русия барномаҳои фарҳангию варзиширо ба таъхир андохт

© SputnikЛюди приходят с цветами к посольству России в Душанбе
Люди приходят с цветами к посольству России в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар Тоҷикистон ҳама чорабиниҳои фароғатӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ "ба сабино бар ҳамлаи хунини террористӣ ва мотами миллӣ дар Русия" ба рӯзи дигар гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Вобаста ба эълон намудани рӯзи мотами миллӣ дар қаламрави Русия дар ҳудуди Тоҷикистон дар робита ба ин тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ, маданӣ, илмӣ ва варзиширо ба таъхир андохта шуданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон манбаъ аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Манбаъ қайд намудааст, ки дар робита ба амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта, ки дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити Холлро вуқуъ омад, мардуми тоҷик сахт андуҳгин буда, изҳори ҳамдардӣ ва тассалияти худро ба наздикону пайвандони фавтида байён медоранд.
“Дар саросари кишвар ҳодисаи террористиро маҳкум намуда, сокинон дар назди мақомотҳои дипломатии Русия дар минтақаҳои Тоҷикистон бо андуҳи зиёд ба хотири руҳи фавтидагон гул ва бозичаҳо мегузоранд”,- қайд намудааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки мардуми тоҷик солҳост, ки бар зидди амалҳои террористӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ мубориза мебаранд.
Акции памяти жертв теракта в Крокус Сити Холле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2024
Русия мотам дорад
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 133 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.
Расонаҳо дар содир кардани ин амали террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар медонанд.
Лентаи хабарҳо
0