https://sputnik.tj/20240325/saforat-rusiya-tojikiston-kitob-tasliyat-boz-1062198337.html
Расулзода ба ҷониби Русия изҳори ҳамдардӣ кард
Расулзода ба ҷониби Русия изҳори ҳамдардӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда ба сафорати Русия дар Душанбе омад ва дар китоби таслият сабт гузошт
2024-03-25T11:57+0500
2024-03-25T11:57+0500
2024-03-25T15:31+0500
русия
дар тоҷикистон
сарвазир
қоҳир расулзода
таслият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/19/1062198442_45:148:1429:926_1920x0_80_0_0_a856689284fc87b83b94368b2b9027c1.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik.Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар китоби таслият дар робита ба фоҷеа дар Крокус Сити Холл сабт гузошт. Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод. "Ба наздикон ва хонаводаҳои кушташудагон ва ҷароҳатбардоштагон дар натиҷаи амали даҳшатноки террористӣ изҳори тасаллияти амиқи худро баён мекунам... Тоҷикистон ба терроризми байналмилалӣ дар ҳама зуҳуроташ муқовимати қатъӣ дорад ва дар якҷоягӣ бо Русия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаро бо он идома медиҳад", — гуфтааст ӯ. Вай афзуд, Тоҷикистон бо мардуми сермиллати Русия андӯҳи талафоти ҷуброннашавандаро шарик мекунад ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорад. Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки дар робита ба қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар маҷмааи консертии Крокус Сити Холл китоби таслият ифтитоҳ шудааст.Инчунин, суханони ҳамдардӣ метавонанд ба намояндагӣ тавассути почтаи электронӣ ирсол карда шаванд.Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 137 нафар расидааст. 182 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯҳ кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.
https://sputnik.tj/20240325/tahdid-habs-abad-parvanda-hamla-terrorist-krokus-1062197455.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/19/1062198442_192:129:1296:957_1920x0_80_0_0_bc5b38314cc6924f3ee55aadc97acccd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафорат русия тоҷикистон китоб таслият боз
сафорат русия тоҷикистон китоб таслият боз
Расулзода ба ҷониби Русия изҳори ҳамдардӣ кард
11:57 25.03.2024 (Навсозишуда: 15:31 25.03.2024) Нахуствазири Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба сафорати Русия дар Душанбе омад ва дар китоби таслият сабт гузошт
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik.Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар китоби таслият дар робита ба фоҷеа дар Крокус Сити Холл сабт гузошт.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Ба наздикон ва хонаводаҳои кушташудагон ва ҷароҳатбардоштагон дар натиҷаи амали даҳшатноки террористӣ изҳори тасаллияти амиқи худро баён мекунам... Тоҷикистон ба терроризми байналмилалӣ дар ҳама зуҳуроташ муқовимати қатъӣ дорад ва дар якҷоягӣ бо Русия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаро бо он идома медиҳад", — гуфтааст ӯ.
Вай афзуд, Тоҷикистон бо мардуми сермиллати Русия андӯҳи талафоти ҷуброннашавандаро шарик мекунад ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорад.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки дар робита ба қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар маҷмааи консертии Крокус Сити Холл китоби таслият ифтитоҳ шудааст.
Инчунин, суханони ҳамдардӣ метавонанд ба намояндагӣ тавассути почтаи электронӣ ирсол карда шаванд.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 137 нафар расидааст. 182 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.
Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯҳ кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.
Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.