Дар минтақаҳои Тоҷикистон интернет ройгон мешавад?

© Unsplash/Artem BeliaikinДевушка с телефоном
Девушка с телефоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2023
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон барои минтақаҳои дурдасти кишвар интернети ройгон пешниҳод хоҳанд кард. Ин иқдом барои осон кардани пардохтҳои ғайринақдӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Хадамоти алоқа барои пардохтҳои ғайринақдӣ дар минтақаҳои дурдаст интернети ройгон пешниҳод кардааст.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод, оммавӣ гардидани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми пардохти молу хизматрасонӣ ба вусъати ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии мамлакат мусоидат мекунад.
Хадамоти алоқа бар он аст, ки дастрасии бидуни монеа ба интернет барои густариши раванди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ такони ҷиддӣ медиҳад.

“Хадамоти алоқа дар баробари дигар сохторҳо талошҳои доимии худро дар заминаи таъмини сартосарии интернет дар кишвар ва дастрасу мусоид гардонидани хизматрасониҳои интернетӣ, идома медиҳад”, - таъкид доштааст ин ниҳоди давлатӣ.

Маҳз ба ҳамин хотир Хадамоти алоқа дар чаҳорчӯбаи Нақшаи чорабиниҳо дар бораи рафти иҷрои фармони президенти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар минтақаҳои дурдаст барои истифодабарандагон, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва операторони алоқаи барқӣ зимни амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии Интернетро ройгон пешниҳод мекунад.
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2023
Бег Сабур розӣ нест, аммо кӯмак мекунад
Ёдовар мешавем, ки ахиран сардори Хадамот Бег Сабур зимни як ҷаласа талошҳои ниҳодаш дар амри беҳбуди хадамоти мобилӣ ва интернетро нокофӣ хонда буд.
Ӯ афзуд, ки ҳарчанд дастовардҳо дар боло бурдани кайфияти мавҷи алоқаи мобилӣ ва дастрасӣ ба интернет, арзонтар намудани арзиши хизматрасониҳо, рафъи монеаҳои мавсимии алоқа дар фасли сармо ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дида мешавад, аммо талошҳо кофӣ нестанд.
Лентаи хабарҳо
0