https://sputnik.tj/20240323/shuro-amniyat-smm-hamla-terrorist-maskav-shadidan-mahkum-1062170142.html
Шӯрои Амнияти СММ ҳамлаи террористӣ дар вилояти Маскавро шадидан маҳкум кард
Шӯрои Амнияти СММ ҳамлаи террористӣ дар вилояти Маскавро шадидан маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Аъзои Шӯрои Амният бар зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани омилон, созмондиҳандагон ва сарпарастони ҳамлаи террористӣ таъкид карданд
2024-03-23T13:18+0500
2024-03-23T13:18+0500
2024-03-23T13:19+0500
смм
шӯрои амнияти смм
дар русия
ҳамлаи террористӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102919/93/1029199354_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_a5129127c38c19972a74c3a571620167.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаи террористии ваҳшиёнаро дар Крокус Сити Холлро шадидан маҳкум карданд.Дар ин бора дар изҳороти Шӯрои Амният, ки матни онро муовини аввали намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ Дмитрий Полянский дар Telegram-канали худ нашр кардааст, гуфта мешавад.Ба гуфтаи ӯ, ин изҳорот бо ибтикори Русия қабул шудааст.Аъзои Шӯрои Амният ба наздикони қурбониён ва мардуми Русия изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар орзу кардаанд.Онҳо қайд карданд, ки терроризм дар ҳама шаклаш яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ мебошад."Аъзоёни Шӯрои Амният зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани омилон, созмондиҳандагон ва сарпарастони амалҳои террористиро таъкид намуда, аз тамоми давлатҳо даъват карданд, ки тибқи уҳдадориҳои худ дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ бо ҳукумати Русия фаъолона ҳамкорӣ кунанд", — гуфта мешавад дар изхорот.Шоми 22 март ҳодиса пеш аз баргузории консерт дар Крокус Сити Холл дар Красногорск дар наздикии Маскав, дар марзи шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ ва сӯхтор ба амал омад.Ба иттилои ФСБ-и Русия, то кунун 60 нафар кушта ва беш аз 120 нафар маҷрӯҳ шудаанд.Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ ба сӯи Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалькова ҳодисаи дар Крокус Сити Холл рухдодаро як амали террористӣ номида, ба наздикону хонаводащои қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.
https://sputnik.tj/20240323/zolimona-rahmon-hamla-terrorist-maskav-mahkum-1062164476.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102919/93/1029199354_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_205cecbb0ac1e4b338b35980ee208ee8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шӯро амният смм ҳамла террорист маскав маҳкум
шӯро амният смм ҳамла террорист маскав маҳкум
Шӯрои Амнияти СММ ҳамлаи террористӣ дар вилояти Маскавро шадидан маҳкум кард
13:18 23.03.2024 (Навсозишуда: 13:19 23.03.2024) Аъзои Шӯрои Амният бар зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани омилон, созмондиҳандагон ва сарпарастони ҳамлаи террористӣ таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаи террористии ваҳшиёнаро дар Крокус Сити Холлро шадидан маҳкум карданд.
Дар ин бора дар изҳороти Шӯрои Амният, ки матни онро муовини аввали намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ Дмитрий Полянский дар Telegram-канали худ нашр кардааст, гуфта мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ин изҳорот бо ибтикори Русия қабул шудааст.
"Аъзои Шӯрои Амният ҳамлаи ваҳшиёна ва тарсу дар толори консертии Красногорскро шадидан маҳкум карданд. Ин амали ҷиноии террористӣ боиси талафоти фоҷиавии даҳҳо нафар ва захмӣ шудани беш аз 100 нафар гардид, ки вазъи бархе аз онҳо сангин аст. ", — гуфта мешавад дар хуҷҷат.
Аъзои Шӯрои Амният ба наздикони қурбониён ва мардуми Русия изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар орзу кардаанд.
Онҳо қайд карданд, ки терроризм дар ҳама шаклаш яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ мебошад.
"Аъзоёни Шӯрои Амният зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани омилон, созмондиҳандагон ва сарпарастони амалҳои террористиро таъкид намуда, аз тамоми давлатҳо даъват карданд, ки тибқи уҳдадориҳои худ дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ бо ҳукумати Русия фаъолона ҳамкорӣ кунанд", — гуфта мешавад дар изхорот.
Шоми 22 март ҳодиса пеш аз баргузории консерт дар Крокус Сити Холл дар Красногорск дар наздикии Маскав, дар марзи шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ ва сӯхтор ба амал омад.
Ба иттилои ФСБ-и Русия, то кунун 60 нафар кушта ва беш аз 120 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ ба сӯи Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалькова ҳодисаи дар Крокус Сити Холл рухдодаро як амали террористӣ номида, ба наздикону хонаводащои қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.