https://sputnik.tj/20240323/zolimona-rahmon-hamla-terrorist-maskav-mahkum-1062164476.html
Золимонаву ғайриинсонӣ: Раҳмон ҳамлаи террористӣ дар вилояти Маскавро маҳкум кард
Золимонаву ғайриинсонӣ: Раҳмон ҳамлаи террористӣ дар вилояти Маскавро маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари Тоҷикистон ба ҳамаи осебдидагони ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл шифои ҳарчи зудтар орзу кардааст
2024-03-23T10:17+0500
2024-03-23T10:17+0500
2024-03-23T10:59+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
дар русия
маскав
ҳамлаи террористӣ
барқияи таслият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/15/1060541128_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_103bf285ca4175500d0bef03685d9653.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба маҷмааи "Крокус Сити Холл" барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.Дар ин бора дафтари матбуоти кишвардор хабар медиҳад.Дар идомаи нома таъкид мешавад, ки мо ин кирдори зӯроварии ғайрииинсониро, ки наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад, қотеона маҳкум мекунем."Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Русия таъзияву тасаллиёт ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро иброз менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем",- афзудааст президент.Ёдовар мешавем, ки ҳодиса пеш аз баргузории консерт дар “Крокус Сити Холл” дар минтақаи Красногорск вилояти Маскав, ки дар наздикии пойтахти Русия аст, тирпарронӣ ва сӯхтор ба рух дод.Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.Тибқи маълумоти охирини ин ниҳод, ҳадди ақалл 60 нафар ҷон бохтанд, аммо шӯъба қайд кард, ки ин рақам то ҳол метавонад афзоиш ёбад.Ба гуфтаи Михаил Мурашко, вазири тандурустӣ, 115 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд, ки панҷ нафари онҳо кӯдакон, 60 нафар калонсолон ва як кӯдак дар ҳолати вазнин қарор доранд.Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалкова ҳодисаи дар “Крокус Сити Холл”-ро як амали террористӣ номида, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.
https://sputnik.tj/20240323/vazorati-korhoi-khorijii-tojikiston-hamlai-terroristi-mahkum-1062163788.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/15/1060541128_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_2a79b3f3f44fc8ac00e390f40cf69220.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон ҳамла террористӣ маскавро маҳкум
раҳмон ҳамла террористӣ маскавро маҳкум
Золимонаву ғайриинсонӣ: Раҳмон ҳамлаи террористӣ дар вилояти Маскавро маҳкум кард
10:17 23.03.2024 (Навсозишуда: 10:59 23.03.2024) Сарвари Тоҷикистон ба ҳамаи осебдидагони ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл шифои ҳарчи зудтар орзу кардааст
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба маҷмааи "Крокус Сити Холл" барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти кишвардор хабар медиҳад.
"Хабари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба маҷмааи "Крокус Сити Холл" дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид",- гуфтааст Раҳмон.
Дар идомаи нома таъкид мешавад, ки мо ин кирдори зӯроварии ғайрииинсониро, ки наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад, қотеона маҳкум мекунем.
"Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Русия таъзияву тасаллиёт ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро иброз менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем",- афзудааст президент.
Ёдовар мешавем, ки ҳодиса пеш аз баргузории консерт дар “Крокус Сити Холл” дар минтақаи Красногорск вилояти Маскав, ки дар наздикии пойтахти Русия аст, тирпарронӣ ва сӯхтор ба рух дод.
Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тибқи маълумоти охирини ин ниҳод, ҳадди ақалл 60 нафар ҷон бохтанд, аммо шӯъба қайд кард, ки ин рақам то ҳол метавонад афзоиш ёбад.
Ба гуфтаи Михаил Мурашко, вазири тандурустӣ, 115 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд, ки панҷ нафари онҳо кӯдакон, 60 нафар калонсолон ва як кӯдак дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалкова ҳодисаи дар “Крокус Сити Холл”-ро як амали террористӣ номида, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.