https://sputnik.tj/20240323/idora-ruhoni-musalmonon-vahdat-alayh-ifrotgaroi-davat-1062182535.html
Идораи рӯҳонии мусалмонон ба ваҳдат алайҳи ифротгароӣ даъват кардааст
Идораи рӯҳонии мусалмонон ба ваҳдат алайҳи ифротгароӣ даъват кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Идораи марказии динии мусулмонони Русия ҳамлаи террористӣ дар "Крокус"- ро як амали нафратовари ҷинояти зиддиинсонӣ номид
2024-03-23T19:27+0500
2024-03-23T19:27+0500
2024-03-23T19:34+0500
дар русия
ҳамлаи террористӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/17/1062165565_0:42:3492:2006_1920x0_80_0_0_4705f9778762ff6177e3be77ffe738da.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Идораи марказии рӯҳонии мусулмонони Русия аз хабари ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар ҳайрат монда, ба ваҳдат алайҳи терроризму ифротгароӣ даъват мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти Созмони динии мусулмонони умумирусиягӣ хабар додааст. Зимнан зикр мегардад, ки Раёсати динии марказии мусулмонони Федератсияи Русия дар робита ба ин масъала муроҷиатнома ирсол намуда, ки онро муфтии олии Русия Талгат Тоҷиддин имзо кардааст. Ин кор "як амали зишт ва ваҳшиёнаи зиддиинсонӣ" номида шуд. "Нисбати ҳалокшудагон ва ҷароҳатбардоштагон андӯҳи амиқ ва ҳамдардӣ намуда, ба ҳамаи хешу табор ва наздикони онҳо таслияти амиқи худро баён намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол барои оромии рӯҳи қурбониёни ин ҷинояти ғайриинсонӣ ва ба ҳамагон шифои ҳарчи зудтар хоҳонем", - таъкид кардааст Раёсати рӯҳонии марказӣ дар муроҷиат. Ҳамчунин, Идораи марказии рӯҳонии мусалмонони Русия аз ҳамватанон даъват кардааст, ки дар муборизаи муштарак алайҳи ифротгароӣ ва терроризм муттаҳид шаванд.Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 93 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Владимир Путин аз тирпарронӣ дар Крокус дар дақиқаҳои аввал хабардор шуда, дар бораи ҳодиса ва чораҳои андешидашуда тавассути тамоми хадамоти дахлдор маълумот мегирад.Баъдан, хадамоти матбуоти президент гуфт, ки сарони ФСБ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи тафтишот ва Гвардияи Русия ба сарвари давлат оид ба тафтиши ҳамлаи террористӣ, наҷоти одамон, ёрӣ ба зарардидагон ҳисобот доданд.
https://sputnik.tj/20240323/fardo-dar-rusiya-motami-umumimilli-elon-shud-1062181468.html
https://sputnik.tj/20240323/hamla-terroristi-krokus-aksi-fojia-1062172236.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/17/1062165565_381:0:3112:2048_1920x0_80_0_0_42d4fa87d6cdc0a83f13e00219a4d4fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, ҳамлаи террористӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар русия, ҳамлаи террористӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Идораи рӯҳонии мусалмонон ба ваҳдат алайҳи ифротгароӣ даъват кардааст
19:27 23.03.2024 (Навсозишуда: 19:34 23.03.2024) Идораи марказии динии мусулмонони Русия ҳамлаи террористӣ дар "Крокус"- ро як амали нафратовари ҷинояти зиддиинсонӣ номид
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Идораи марказии рӯҳонии мусулмонони Русия аз хабари ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар ҳайрат монда, ба ваҳдат алайҳи терроризму ифротгароӣ даъват мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Созмони динии мусулмонони умумирусиягӣ хабар додааст.
Зимнан зикр мегардад, ки Раёсати динии марказии мусулмонони Федератсияи Русия дар робита ба ин масъала муроҷиатнома ирсол намуда, ки онро муфтии олии Русия Талгат Тоҷиддин имзо кардааст.
"Мо аз хабари ҷинояти ваҳшиёнаи 22 марти соли 2024 дар маркази савдо ва фароғатии "Крокус Сити Холл"-и Красногорск дар наздикии Маскав аз ҷониби ҷангиёни созмонҳои террористӣ алайҳи аҳолии осоиштаи кишварамон содир шудани он сахт ба ҳайрат афтодем", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Ин кор "як амали зишт ва ваҳшиёнаи зиддиинсонӣ" номида шуд.
"Нисбати ҳалокшудагон ва ҷароҳатбардоштагон андӯҳи амиқ ва ҳамдардӣ намуда, ба ҳамаи хешу табор ва наздикони онҳо таслияти амиқи худро баён намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол барои оромии рӯҳи қурбониёни ин ҷинояти ғайриинсонӣ ва ба ҳамагон шифои ҳарчи зудтар хоҳонем", - таъкид кардааст Раёсати рӯҳонии марказӣ дар муроҷиат.
Ҳамчунин, Идораи марказии рӯҳонии мусалмонони Русия аз ҳамватанон даъват кардааст, ки дар муборизаи муштарак алайҳи ифротгароӣ ва терроризм муттаҳид шаванд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 93 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Владимир Путин аз тирпарронӣ дар Крокус дар дақиқаҳои аввал хабардор шуда, дар бораи ҳодиса ва чораҳои андешидашуда тавассути тамоми хадамоти дахлдор маълумот мегирад.
Баъдан, хадамоти матбуоти президент гуфт, ки сарони ФСБ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи тафтишот ва Гвардияи Русия ба сарвари давлат оид ба тафтиши ҳамлаи террористӣ, наҷоти одамон, ёрӣ ба зарардидагон ҳисобот доданд.