https://sputnik.tj/20240323/fardo-dar-rusiya-motami-umumimilli-elon-shud-1062181468.html
Фардо дар Русия мотами умумимиллӣ эълон шуд
Фардо дар Русия мотами умумимиллӣ эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президент таъйид кард, ки террористон кӯшиши пинҳон шуданро дар қаламрави Украина кардаанд, ки дар он ҷо барои убури сарҳад гурезгоҳ омода шуда буд
2024-03-23T17:40+0500
2024-03-23T17:40+0500
2024-03-23T17:54+0500
дар русия
владимир путин
ҳамлаи террористӣ
маскав
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/14/1062132415_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7525d48471d4689fbb1ac62188c46601.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Рӯзи 24 март дар Русия ба хотири қурбониёни ҳамлаи террористии Крокус Сити Холл мотами умумимиллӣ эълон шуд.Дар ин бора расиҷумҳур Владими Путин дар муроҷиаташ ба аҳолии Русия изҳор дошт.Ӯ ин ҳодисаро як ҳамлаи террористии хунин ва ваҳшиёна номид."Даҳҳо одамони осоишта ва бегуноҳ қурбонии ҳамлаи террористӣ дар Крокус шуданд", - гуфт президенти Русия.Ба гуфтаи президент, ҳамаи чаҳор нафар, ҳамаи онҳое, ки мардумро тирпарронӣ карда куштанд, пайдо ва боздошт шуданд Вай афзуд, дар маҷмӯъ 11 нафар боздошт шудаанд.Вай таъкид кард, ки ҳама иҷрокунандаҳо, созмондиҳандагон ва фармоишгарон новобаста аз кӣ буданашон ҷазо хоҳанд гирифт. "Мо ҳар касеро, ки ин ҳамла ба Русияро омода кардааст, муайян ва муҷозот хоҳем кард" гуфт президент.Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 93 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Владимир Путин аз тирпарронӣ дар Крокус дар дақиқаҳои аввал хабардор шуда, дар бораи ҳодиса ва чораҳои андешидашуда тавассути тамоми хадамоти дахлдор маълумот мегирад.Баъдан, хадамоти матбуоти президент гуфт, ки сарони ФСБ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи тафтишот ва Гвардияи Русия ба сарвари давлат оид ба тафтиши ҳамлаи террористӣ, наҷоти одамон, ёрӣ ба зарардидагон ҳисобот доданд.
https://sputnik.tj/20240323/giromidosht-khotira-quboniyon-hamla-krokus-dushanbe-video-1062180807.html
https://sputnik.tj/20240323/zolimona-rahmon-hamla-terrorist-maskav-mahkum-1062164476.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/14/1062132415_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_19e2a19ee9797cfad4ed91bdd2951260.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фардо русия мотам умумимиллӣ путин
фардо русия мотам умумимиллӣ путин
Фардо дар Русия мотами умумимиллӣ эълон шуд
17:40 23.03.2024 (Навсозишуда: 17:54 23.03.2024) Президент таъйид кард, ки террористон кӯшиши пинҳон шуданро дар қаламрави Украина кардаанд, ки дар он ҷо барои убури сарҳад гурезгоҳ омода шуда буд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Рӯзи 24 март дар Русия ба хотири қурбониёни ҳамлаи террористии Крокус Сити Холл мотами умумимиллӣ эълон шуд.
Дар ин бора расиҷумҳур Владими Путин дар муроҷиаташ ба аҳолии Русия изҳор дошт.
"Тамоми кишвар бо шумо мотам дорад",- гуфт вай.
Ӯ ин ҳодисаро як ҳамлаи террористии хунин ва ваҳшиёна номид.
"Даҳҳо одамони осоишта ва бегуноҳ қурбонии ҳамлаи террористӣ дар Крокус шуданд", - гуфт президенти Русия.
Ба гуфтаи президент, ҳамаи чаҳор нафар, ҳамаи онҳое, ки мардумро тирпарронӣ карда куштанд, пайдо ва боздошт шуданд
"Онҳо ба сӯи Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо "тиреза" омода карда шуда буд", - гуфт Путин.
Вай афзуд, дар маҷмӯъ 11 нафар боздошт шудаанд.
Вай таъкид кард, ки ҳама иҷрокунандаҳо, созмондиҳандагон ва фармоишгарон новобаста аз кӣ буданашон ҷазо хоҳанд гирифт.
"Мо ҳар касеро, ки ин ҳамла ба Русияро омода кардааст, муайян ва муҷозот хоҳем кард" гуфт президент.
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 93 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Владимир Путин аз тирпарронӣ дар Крокус дар дақиқаҳои аввал хабардор шуда, дар бораи ҳодиса ва чораҳои андешидашуда тавассути тамоми хадамоти дахлдор маълумот мегирад.
Баъдан, хадамоти матбуоти президент гуфт, ки сарони ФСБ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи тафтишот ва Гвардияи Русия ба сарвари давлат оид ба тафтиши ҳамлаи террористӣ, наҷоти одамон, ёрӣ ба зарардидагон ҳисобот доданд.