https://sputnik.tj/20240322/hushdori-korshinos-az-nizoi-obi-dar-mintaqa-ba-dasti-tolibon-1062159505.html
Ҳушдори коршинос аз низоъи обӣ дар минтақа ба дасти Толибон*
Ҳушдори коршинос аз низоъи обӣ дар минтақа ба дасти Толибон*
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи коршинос, Толибон* ба далели надоштани сармоягузорӣ дар бахши об ба далели мақоми эътирофнашудаи худ ҳарчи бештар майл ба ҷангҳои обӣ доранд
2024-03-22T17:35+0500
2024-03-22T17:35+0500
2024-03-22T17:35+0500
коршинос
афғонистон
толибон
об
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059680589_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_fb2fa6bce597386aaf1e2863d8583e2e.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Толибон* барои баланд бардоштани мақоми геополитикии худ аз камбуди об дар минтақа истифода мекунанд.Дар ин бора ба Sputnik Афғонистон, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Русия Умар Нисор изҳор дошт.Ӯ ин нуктаро бо ишора ба он изҳор дошт, ки дар ҳоле ки бесуботӣ, набуди амният, назорати беруна ва ғайра имкон намедод, Кобул аз захираҳои об истифода кунад, дар ҳоле, ки мамлакатҳои ҳамсоя иқтисодиёти худро тараққӣ доданд. Ба фикри Нисор, вазъияти иҷтимоию иқтисодии шарқи Эрон ба оби дарёи Ҳилманд вобаста аст, ки масъалаи обро ба омили нооромшавии сиёсии дохилии манфиатҳои нерӯҳои хориҷӣ табдил медиҳад. Вай авҷ гирифтани авзоъ дар минтақаро пешгӯӣ мекунад ва дар ҳарос аст, ки Толибон* ба далели надоштани сармоягузорӣ дар бахши об ба далели мақоми эътирофнашудаи худ ҳарчи бештар майл ба ҷангҳои обӣ ҷалб мекунанд.Аз масоили баҳсӣ дар ин замина сохтмони канали Қуштеппа аст, ки сохтмони он бештарин зарарро ба Ӯзбекистон ва Туркманистон хоҳад гузошт.Ин тарҳе аст, ки ҳанӯз дар солҳои ҷумҳурияти Муҳаммад Довудхон (1973-1978) ба вуҷуд омада буд, аммо аз сабаби табадуллотҳои пайдарпайи давлатӣ, иваз шудани низомҳои сиёсӣ ва ҷангҳои давомдор дар Афғонистон ва инчунин мавҷудияти шубҳаҳое, дар мавриди мақсаднок будани он ин тарҳ амалӣ нашуда буд.Фақат дар замони ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ ин тарҳ аз нав эҳё гардид, аммо боз ҳам раванди амалӣ шудани он ба кундӣ пеш мерафт.Аммо баъд аз ба сари қудрат олмадани Толибон* дар соли 2021, ҳама корҳо барои оғози сохтмони Қуштеппа омода буд.Толибон* сохтмони Қуштеппаро тарҳи миллӣ ва афзалиятнок эълон карданд ва соли 2022 ба сохтмони он шуруъ карданд.Канали Қуштеппа аз марзи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар мавзеи вулусволии (ноҳияи) Калдори Афғонистон оғоз мешавад ва аз ҳудуди вилоятҳои Балх, Ҷузҷон гузашта, ба вулусволии Андхуйи вилояти Форёб мерасад. Дарозии канал 285 километр, умқаш 8 метр ва бараш беш аз 100 метр мебошад.*-Созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20230915/mirziyoev-najoti-osiyoi-miyona-khushksoli-1059412610.html
https://sputnik.tj/20230907/muboriza-zakhirakho-ob-osiyoi-miyona-vusat-1059261610.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059680589_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_9712739955444cc736f1a757a8e07b3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор коршинос низоъ об минтақа толибон*
ҳушдор коршинос низоъ об минтақа толибон*
Ҳушдори коршинос аз низоъи обӣ дар минтақа ба дасти Толибон*
Ба гуфтаи коршинос, Толибон* ба далели надоштани сармоягузорӣ дар бахши об ба далели мақоми эътирофнашудаи худ ҳарчи бештар майл ба ҷангҳои обӣ доранд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Толибон* барои баланд бардоштани мақоми геополитикии худ аз камбуди об дар минтақа истифода мекунанд.
Дар ин бора ба Sputnik Афғонистон, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Русия Умар Нисор изҳор дошт.
Ӯ ин нуктаро бо ишора ба он изҳор дошт, ки дар ҳоле ки бесуботӣ, набуди амният, назорати беруна ва ғайра имкон намедод, Кобул аз захираҳои об истифода кунад, дар ҳоле, ки мамлакатҳои ҳамсоя иқтисодиёти худро тараққӣ доданд.
"Дар натиҷа, вазъияте ба миён омадааст, ки ҳатто берун кашидани он қисми обе, ки ба таври ҳаққонӣ ба Афғонистон тааллуқ дорад, метавонад боиси оқибатҳои бади экологӣ ва иқтисодӣ дар кишварҳои ҳамсоя гардад", - гуфт ӯ.
Ба фикри Нисор, вазъияти иҷтимоию иқтисодии шарқи Эрон ба оби дарёи Ҳилманд вобаста аст, ки масъалаи обро ба омили нооромшавии сиёсии дохилии манфиатҳои нерӯҳои хориҷӣ табдил медиҳад.
Вай авҷ гирифтани авзоъ дар минтақаро пешгӯӣ мекунад ва дар ҳарос аст, ки Толибон* ба далели надоштани сармоягузорӣ дар бахши об ба далели мақоми эътирофнашудаи худ ҳарчи бештар майл ба ҷангҳои обӣ ҷалб мекунанд.
Аз масоили баҳсӣ дар ин замина сохтмони канали Қуштеппа аст, ки сохтмони он бештарин зарарро ба Ӯзбекистон ва Туркманистон хоҳад гузошт.
Ин тарҳе аст, ки ҳанӯз дар солҳои ҷумҳурияти Муҳаммад Довудхон (1973-1978) ба вуҷуд омада буд, аммо аз сабаби табадуллотҳои пайдарпайи давлатӣ, иваз шудани низомҳои сиёсӣ ва ҷангҳои давомдор дар Афғонистон ва инчунин мавҷудияти шубҳаҳое, дар мавриди мақсаднок будани он ин тарҳ амалӣ нашуда буд.
Фақат дар замони ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ ин тарҳ аз нав эҳё гардид, аммо боз ҳам раванди амалӣ шудани он ба кундӣ пеш мерафт.
Аммо баъд аз ба сари қудрат олмадани Толибон* дар соли 2021, ҳама корҳо барои оғози сохтмони Қуштеппа омода буд.
Толибон* сохтмони Қуштеппаро тарҳи миллӣ ва афзалиятнок эълон карданд ва соли 2022 ба сохтмони он шуруъ карданд.
Канали Қуштеппа аз марзи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар мавзеи вулусволии (ноҳияи) Калдори Афғонистон оғоз мешавад ва аз ҳудуди вилоятҳои Балх, Ҷузҷон гузашта, ба вулусволии Андхуйи вилояти Форёб мерасад. Дарозии канал 285 километр, умқаш 8 метр ва бараш беш аз 100 метр мебошад.
*-Созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад