https://sputnik.tj/20240322/barsegyan-manturov-samtho-afzaliyatnok-rushd-sanoati-iiao-barrasi-1062158118.html
Барсегян ва Мантуров самтҳои рушди саноати кишварҳои ИИАО- баррасӣ карданд
Барсегян ва Мантуров самтҳои рушди саноати кишварҳои ИИАО- баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи ИИАО ва вазири саноати Русия ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар амалисозии ташаббусҳои нави ба ҳамдигар муфид идома диҳанд
2024-03-22T16:45+0500
2024-03-22T16:45+0500
2024-03-22T16:45+0500
ииао
саноат
дар русия
денис мантуров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054410_0:170:3252:1999_1920x0_80_0_0_33e5b055f5803c8f8f890e9fe8129b9f.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи саноати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро вазири саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Гоҳар Барсегян ва муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия – вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров баррасӣ карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумиссиюни иқтисодии созмон гузориш медиҳад.Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор аз ҷумла, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо истифода аз механизми дастгирии молиявии боломиллӣ, ташаккули платформаи ягонаи рақамӣ дар саноат ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин мулоқот баргузории Шӯрои сиёсати саноатии ИИАО низ баррасӣ гардид. Дар робита ба механизми маблағгузории лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ дар Иттиҳод Денис Мантуров таъкид кард, ин як талоши ҷиддӣ аст. "Ин воқеан дар рушди кооператсияи саноатӣ дар фазои Иттиҳод як қадами муҳим аст. Барои соли 2024 дар буҷаи ИИАО барои ин ҳадафҳо 1,7 миллиард рубл пешбинӣ шудааст, ки 1,5 млрд рубли он саҳми саҳомии Федератсияи Русия аст",- гуфт ӯ.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар ташаббусҳои нави ба ҳамдигар муфид идома диҳанд. Денис Мантуров Гоҳар Барсегянро даъват кард, ки дар ҷаласаи пленарии намоишгоҳи байналмилалии саноатии "INNOPROM. Осиёи Марказӣ", ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат кунад. Дар соли 2023 саноати ИИАО динамикаи рушди мусбӣ нишон дод. Умуман дар иттиҳодия истеҳсоли маҳсулоти саноат назар ба соли гузашта 3,7% афзуд. Суръати афзоиши саноатӣ омодасозии маҳсулот махсусан баланд — 7,4% буд.
https://sputnik.tj/20240318/kiao-bor-loihaho-hamkori-qalamrav-iiao-mablaghguzori-1062096769.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054410_436:0:3167:2048_1920x0_80_0_0_03042337c40d97df6ef1ec52329d8b7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барсегян мантуров самтҳо афзалиятнок рушд саноат ииао
барсегян мантуров самтҳо афзалиятнок рушд саноат ииао
Барсегян ва Мантуров самтҳои рушди саноати кишварҳои ИИАО- баррасӣ карданд
Намояндаи ИИАО ва вазири саноати Русия ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар амалисозии ташаббусҳои нави ба ҳамдигар муфид идома диҳанд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи саноати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро вазири саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Гоҳар Барсегян ва муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия – вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумиссиюни иқтисодии созмон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор аз ҷумла, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо истифода аз механизми дастгирии молиявии боломиллӣ, ташаккули платформаи ягонаи рақамӣ дар саноат ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин дар ин мулоқот баргузории Шӯрои сиёсати саноатии ИИАО низ баррасӣ гардид.
"Мо дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва савдои ФР омодаем, ки минбаъд дар тамоми соҳаҳо кор кунем, зеро мо дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан манфиатҳои муштарак дорем", - қайд кард Гоҳар Барсегян.
Дар робита ба механизми маблағгузории лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ дар Иттиҳод Денис Мантуров таъкид кард, ин як талоши ҷиддӣ аст.
"Ин воқеан дар рушди кооператсияи саноатӣ дар фазои Иттиҳод як қадами муҳим аст. Барои соли 2024 дар буҷаи ИИАО барои ин ҳадафҳо 1,7 миллиард рубл пешбинӣ шудааст, ки 1,5 млрд рубли он саҳми саҳомии Федератсияи Русия аст",- гуфт ӯ.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар ташаббусҳои нави ба ҳамдигар муфид идома диҳанд.
Денис Мантуров Гоҳар Барсегянро даъват кард, ки дар ҷаласаи пленарии намоишгоҳи байналмилалии саноатии "INNOPROM. Осиёи Марказӣ", ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат кунад.
Дар соли 2023 саноати ИИАО динамикаи рушди мусбӣ нишон дод. Умуман дар иттиҳодия истеҳсоли маҳсулоти саноат назар ба соли гузашта 3,7% афзуд. Суръати афзоиши саноатӣ омодасозии маҳсулот махсусан баланд — 7,4% буд.