Пешвози Наврӯз дар Душанбе бо рақсу бозиву оташ ва суманак – видео

Обуна шудан
Сокинону меҳмонони дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар "Боғи Ғалаба"-и пойтахт ҷашни аҷдодӣ – Наврӯзро ба таври хос пешвоз гирифтанд
Субҳи барвақт сокинон ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар "Боғи Ғалаба"-и пойтахт фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд.
Дар он намояндагони Мақомоти шаҳри Душанбе иштироки фаъолона доштанд.
Сокинони шаҳр дар ин барномаи фарҳангӣ бо руҳияи баланд ҷашни аҷдодиро сазовор пешвоз гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукуҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз Ватану шукуфоии мамлакат таҷлил мегардад.
Ҷашни Наврӯз бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар сафорати Эрон – видео
Ёдовар мешавем, ки барномаҳои асосии наврӯзие, ки дар Душанбе дар назар аст, барои як рӯз ба таъхир афтоданд.
Тантанаҳои наврӯзӣ, мебоист рӯзҳои 21 ва 22 доир мешуд, аммо акнун рӯзи 23 март дар назар гирифта шудааст.
Сабаб ҳавои тағйирёбанда дар пойтахт ва пешгӯии борони шадид гуфта шудааст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, барномаҳои фарҳангии Наврӯзии ноҳияҳои пойтахт санаи 23 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ва “Карнавали Наврӯзӣ” санаи 24 март, дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, нимаи дуюми рӯз баргузор мегарданд.
Маскав ба таҷлили ҷашни Наврӯз омодагӣ гирифтааст
Дар боғҳои фарҳангию фароғатии чор ноҳияи пойтахт низ бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.
Барномаҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Шоҳмансур дар боғи Куруши Кабири, дар ноҳияи И.Сомонӣ дар боғи ба номи С. Айнӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ дар боғи ба номи А.Фирдавсӣ ва дар боғи Умари Хайём тантанаҳои ноҳияи Сино баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0