Раҳмон ба Путин занг заду пирӯзияшро дар интихобот табрик кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2024
Обуна шудан
Дар пайи ирсоли паёми шодбошӣ раисҷумҳури Тоҷикистон тариқи гуфтугӯи телефонӣ шахсан Путинро ба пирӯзияш дар интихобот табрик кард
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистон дар ибтидои суҳбат ҳамтои русашро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентии сидқан табрик гуфтааст.
Ӯ дар идома ба Путин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои нави рӯзафзун дар роҳи рушди босубот ва шукуфоии Русияи дӯст орзу намудааст.
"Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия бо таваҷҷуҳ ба соҳаҳои тиҷоративу иқтисодии муносибатҳои ду кишвар табодули афкор намуданд",- афзудааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки раҳбари Тоҷикистон дар робита ба пирӯзии Путин қаблан ба ӯ номаи шодбошӣ низ ирсол карда буд.
Вай пирӯзии ҳамтои русашро баҳснопазир хонда, онро далели возеҳи тасдиқи обрӯву эътибори баланди сиёсии ӯ ва аз ҷониби ҷомеаи Русия ба таври васеъ ҷонибдорӣ ёфтани сиёсати давлатиаш арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст.
Президенты России и Таджикистана Владимир Путин и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Пирӯзии баҳснопазир: Раҳмон аз аввалинҳо шуда Путинро табрик кард
Овоздиҳӣ дар Русия тӯли 3 рӯз - 15, 16 ва 17 март баргузор шуд. Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 94 ҳазор щавза фаъолият мекард.
Чаҳор номзади аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Русия сабти номшуда, барои курсии раиси ҷумҳури Русия: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин мубориза бурданд.
Дар Тоҷикистон имкони овоздиҳӣ дар 6 қитъаи интихоботӣ вуҷуд дошт. Онҳо рӯзи 17 март аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ кор карданд.
Дар хориҷа дар 144 кишвари ҷаҳон 295 қитъаи интихоботӣ фаъолият дошт.
Лентаи хабарҳо
0