https://sputnik.tj/20240320/tabriki-navruzii-raisi-rahmon-1062126111.html
Табрики наврузии Раисӣ ба Раҳмон
Табрики наврузии Раисӣ ба Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Эрон бо ирсоли паёме фаро расидани Наврӯзро ба ҳамтои тоҷики худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт
2024-03-20T14:46+0500
2024-03-20T14:46+0500
2024-03-20T15:46+0500
дар тоҷикистон
эрон
иброҳим раисӣ
паём
паёми табрикот
табрик
наврӯз
иди наврӯз
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042349737_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_5797c6455fe2e89f9a7d183a5f0bbe01.jpg
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Сайид Иброҳими Раисӣ раисҷумҳурии Эрон бо ирсоли паёме кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати фаро расидани Наврӯз табрик гуфта, ибрози умедворӣ кард, ки равобити ду кишвар беҳтару густардатар мешавад.“Фаро расидани растохези табиат, гоҳи рӯйиши замин ва оғози соли навро ба миллати дӯст ва мутамаддини Тоҷикистони табрик ва шодбош мегӯям”, - гуфт ӯ.Вай афзуд, ки паёми Наврӯзӣ, паёми сулҳу ҳамзистии мусолиматомез ва намоди пайванду оштӣ аст.“Умедворам бо омадани эътидоли баҳорӣ ва шукуфо шудани табиату дигаргунии замин, хасоиси неку писандида дар дилу ҷони ҳамаи инсонҳо шукуфо гашта ва палидиву нопокиҳо аз рафтору кирдори башар рахт барбандад ва таҳаввули амиқ дар аҳволи одамиён падидор гардад то шоҳиди рушду камоли ҷомеъа башарӣ бошем”, - қайд кардааст Раисӣ.Раисҷумҳури Эрон дар паёмаш таъкид кардааст, ки имсоли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, ин муносибати фархундаро дар ҳоле ҷашн мегиранд, ки мардуми мазлуму муқтадири Ғазза ҳамчунон бо ҳамалоти Исроил рӯ ба рӯ ҳастанд.Вай илова кард, ки Ғазза дар муҳосира комил буда ва аз дастрасӣ ба имконоти ибтидои беҳдоштӣ ва маишӣ низ маҳрум шудаанд, дар маърази хатари гуруснагӣ ва қаҳти қарор гирифтаанд.“Лизои вазифаи инсонии мост, ки бо истифода аз тавонмандиҳоямон, гомҳои амалии ҷаддӣ барои таваққуфи ҳамалоти Исроил ва ирсоли кумакҳои башардӯстона барои мардуми Ғазза бардорем”, - зикр кард оқои Раисӣ.
https://sputnik.tj/20240320/rahmon-tojikistoniyon-navruz-tabrik-1062123119.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042349737_163:0:2892:2047_1920x0_80_0_0_646e0cc7a29cde588e3956595241801b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисӣ, пайм, наврӯз, табрикот
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисӣ, пайм, наврӯз, табрикот
Табрики наврузии Раисӣ ба Раҳмон
14:46 20.03.2024 (Навсозишуда: 15:46 20.03.2024) Раисҷумҳури Эрон бо ирсоли паёме, фаро расидани Наврӯзро ба ҳамтои тоҷики худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Сайид Иброҳими Раисӣ раисҷумҳурии Эрон бо ирсоли паёме кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати фаро расидани Наврӯз табрик гуфта, ибрози умедворӣ кард, ки равобити ду кишвар беҳтару густардатар мешавад.
“Фаро расидани растохези табиат, гоҳи рӯйиши замин ва оғози соли навро ба миллати дӯст ва мутамаддини Тоҷикистони табрик ва шодбош мегӯям”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки паёми Наврӯзӣ, паёми сулҳу ҳамзистии мусолиматомез ва намоди пайванду оштӣ аст.
“Умедворам бо омадани эътидоли баҳорӣ ва шукуфо шудани табиату дигаргунии замин, хасоиси неку писандида дар дилу ҷони ҳамаи инсонҳо шукуфо гашта ва палидиву нопокиҳо аз рафтору кирдори башар рахт барбандад ва таҳаввули амиқ дар аҳволи одамиён падидор гардад то шоҳиди рушду камоли ҷомеъа башарӣ бошем”, - қайд кардааст Раисӣ.
Раисҷумҳури Эрон дар паёмаш таъкид кардааст, ки имсоли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, ин муносибати фархундаро дар ҳоле ҷашн мегиранд, ки мардуми мазлуму муқтадири Ғазза ҳамчунон бо ҳамалоти Исроил рӯ ба рӯ ҳастанд.
Вай илова кард, ки Ғазза дар муҳосира комил буда ва аз дастрасӣ ба имконоти ибтидои беҳдоштӣ ва маишӣ низ маҳрум шудаанд, дар маърази хатари гуруснагӣ ва қаҳти қарор гирифтаанд.
“Лизои вазифаи инсонии мост, ки бо истифода аз тавонмандиҳоямон, гомҳои амалии ҷаддӣ барои таваққуфи ҳамалоти Исроил ва ирсоли кумакҳои башардӯстона барои мардуми Ғазза бардорем”, - зикр кард оқои Раисӣ.