Наврӯз: таърих ва анъанаҳои қадимтарини ҷашни баҳор

Обуна шудан
Тоҷикистон барои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ омодагӣ мегирад. Дар куҷо сокинон метавонанд дар рӯзҳои истироҳат сайру гашт кунанд, тасвирбаёнро бубинед
Оғози Наврӯзро бо оташ, рақс ва либоси суннатӣ истиқбол мегиранд. Як соат пеш аз субҳ оташ афрӯхта, тамоми шаб таоми асосии идона - суманакро омода мекунанд.
Соати 6-и субҳ корвони наврӯзӣ бо ҳамроҳии Маликаи Наврӯз ва Бобои Деҳқон ба маркази шаҳр мерасад.
Онҳо ба дарвозаҳои шаҳр зери садои тантанаи мусиқии миллӣ "Карнаю Сурнай", ки дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон ва доиразанон аз медароянд ва аз фарорасии Наврӯз мужда медиҳанд.
Наврӯз куҳантарин иди мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикистониён аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад.
Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Вожаи Наврӯз аз форсии миёнаи баргирифта маънои рӯзи навро дорад.
Тайи рӯзҳои ид сокинон метавонанд ярмаркаҳои молҳои миллӣ, чорабиниҳои варзишӣ, баромади ҳунармандони дӯстдоштаи худ ва оташбозиҳои идонаро тамошо кунанд.
Барномаҳои асосии наврӯзии Тоҷикистон ба таъхир афтод: сабаб?
Қобили зикр аст, ки дар соли 2024 мақомоти Душанбе бар асари номусоидии обу ҳаво чорабиниҳои асосиро ба таъхир гузошта буданд.
Ёдовар мешавем, ки Наврӯз – ҳамчун қадимтарин ҷашни то ба имрӯз боқимонда, дар моҳи сентябри соли 2009 ба феҳрасти осори фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО шомил гардид ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21 март "Рӯзи байналмиллалии Наврӯз" эълом карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0