https://sputnik.tj/20240319/yakkachin-tojikiston-raqobat-arabiston-voridi-riyoz-1062108428.html
Яккачини Тоҷикистон барои рақобат бо Арабистон вориди Риёз шуд
Яккачини Тоҷикистон барои рақобат бо Арабистон вориди Риёз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Па аз ин рақобат яккачини Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар майдони худ бозии ҷавобӣ доир мекунад, ки он рӯзи 26 март доир мешавад
2024-03-19T09:42+0500
2024-03-19T09:42+0500
2024-03-19T12:58+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ффт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048721798_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_9f4d65866128931e9f72ce12cebfe66f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе барои рақобат бо Арабистони Саудӣ вориди Риёз шуд.Ба гузориши дафтари матбуоти ФФТ, ин бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" хоҳад буд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд, ки аз ин шумора 23 нафар ба дархости ниҳоӣ шомил хоҳанд шуд. Қобили зикр аст, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 21 март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.Сармураббии нав 2 бозигари нав Меҳрубон Каримов ва Муродалӣ Ҳақназаровро даъват намудааст.Ба ҳайси дарвозабонҳо Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (аз "Истиқлол"), Далерҷон Баротов ("Истаравшан") даъват гардидаанд.Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин бозиҳои тими Тоҷикистон дар аҳди сармураббии нав Шекалидзе мебошад, ки ахиран ба ҷои Петр Сегрт ба мақоми сармураббӣ омад.Бозии ҷавобии дастаҳо бошад, рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 баргузор мегардад.Гела Шекиладзе қаблан ба ҳайси ҳимоятгар дар дастаҳои "Динамо-Батуми" (Гурҷистон), "Лйерс" (Белгия), "Руселаре" (Белгия), "Арсенал" (Украина) ва ССКА (Украина) бозӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин дар ҳайати тими миллии кишвараш 22 бозӣ анҷом додааст.Шекиладзе аз соли 2007 то 2011 ба ҳайси сармурабби дастаҳои миллии Гурҷистон аз қабили U-15, U-16, U-19 ва U-21 фаъолият намудааст.Ҳамчунин, вай ёвари сармураббӣ Петр Сегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.Гела Шекиладзе дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи "Pro"-и УЕФА мебошад.
https://sputnik.tj/20240316/istiqlol-i-dushanbe-sarmurabbii-nav-yoft-u-kist-1062073342.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048721798_33:0:1461:1071_1920x0_80_0_0_c0e72123779806961c67693e93c3226e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
яккачин тоҷикистон рақобат арабистон риёз
яккачин тоҷикистон рақобат арабистон риёз
Яккачини Тоҷикистон барои рақобат бо Арабистон вориди Риёз шуд
09:42 19.03.2024 (Навсозишуда: 12:58 19.03.2024) Паc аз ин рақобат яккачини Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар майдони худ, рӯзи 26 март бозии ҷавобӣ доир мекунад
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе барои рақобат бо Арабистони Саудӣ вориди Риёз шуд.
Ба гузориши дафтари матбуоти ФФТ, ин бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" хоҳад буд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд, ки аз ин шумора 23 нафар ба дархости ниҳоӣ шомил хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 21 март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Сармураббии нав 2 бозигари нав Меҳрубон Каримов ва Муродалӣ Ҳақназаровро даъват намудааст.
Ба ҳайси дарвозабонҳо Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (аз "Истиқлол"), Далерҷон Баротов ("Истаравшан") даъват гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин бозиҳои тими Тоҷикистон дар аҳди сармураббии нав Шекалидзе мебошад, ки ахиран ба ҷои Петр Сегрт ба мақоми сармураббӣ омад.
Бозии ҷавобии дастаҳо бошад, рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 баргузор мегардад.
Гела Шекиладзе қаблан ба ҳайси ҳимоятгар дар дастаҳои "Динамо-Батуми" (Гурҷистон), "Лйерс" (Белгия), "Руселаре" (Белгия), "Арсенал" (Украина) ва ССКА (Украина) бозӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин дар ҳайати тими миллии кишвараш 22 бозӣ анҷом додааст.
Шекиладзе аз соли 2007 то 2011 ба ҳайси сармурабби дастаҳои миллии Гурҷистон аз қабили U-15, U-16, U-19 ва U-21 фаъолият намудааст.
Ҳамчунин, вай ёвари сармураббӣ Петр Сегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.
Гела Шекиладзе дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи "Pro"-и УЕФА мебошад.