https://sputnik.tj/20240319/talabi-pora-sabti-nom-khizmati-pulaki-1062116971.html
Талаби пора барои сабти ном ба хизмати пулакӣ
Талаби пора барои сабти ном ба хизмати пулакӣ
Sputnik Тоҷикистон
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ошкори ҳолати тасарруфи маблағи пулӣ аз тарафи сардори шуъбаи Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор хабар дод
2024-03-19T18:10+0500
2024-03-19T18:10+0500
2024-03-19T18:10+0500
дар тоҷикистон
комиссари низомӣ
ҳисор
боздошт
оҷонсии мубориза зидди коррупсия
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/19/1024701978_0:0:5184:2916_1920x0_80_0_0_143d2cd1e66172c535ac985e9fd28375.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Комиссари ҳарбӣ бо пора хабар дод.Тавре дафтари матбуоти ин ниҳод иттилоъ додааст, ахиран як шаҳравнд ба Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ва бародари шафқати Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз ӯ пора талаб доранд.Ба гуфтаи манбаъ номбурдагон аз шаҳрванд барои ба рӯйхати даъватшавандагони алтернативӣ номнавис кардан ғайриқонунӣ маблағи 17 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.Зикр гардидааст, ки Агентӣ худи ҳамон рӯз аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода, баъд аз гирифтани пора аз шаҳрванд комиссари ҳарбӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд.Қайд карда шудааст, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайянгардида дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд.Муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.Ёдовар мешавем, ки хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон аз соли 2021 амал мекунад ва соли равон қимати он 51 ҳазор сомонӣ аст.Тибқи нишондиҳандаи ҳисобҳо дар тарҳи нави буҷаи кишвар барои соли 2024 он 3 ҳазор сомонии дигар гаронтар шуда, ба 54 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20231126/khizmat-pulaki-tojikiston-garontar-1060610913.html
ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/19/1024701978_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_38d4205fa73bbbbeca8bd7510f1a6af7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сабти ном, хизмати пулакӣ, ҳисор, комиссари ҳарбӣ, маблағ, пулситонӣ
тоҷикистон, сабти ном, хизмати пулакӣ, ҳисор, комиссари ҳарбӣ, маблағ, пулситонӣ
Талаби пора барои сабти ном ба хизмати пулакӣ
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ошкори ҳолати тасарруфи маблағи пулӣ аз тарафи сардори шуъбаи Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор хабар дод
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Комиссари ҳарбӣ бо пора хабар дод.
Тавре дафтари матбуоти ин ниҳод иттилоъ додааст, ахиран як шаҳравнд ба Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ва бародари шафқати Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз ӯ пора талаб доранд.
Ба гуфтаи манбаъ номбурдагон аз шаҳрванд барои ба рӯйхати даъватшавандагони алтернативӣ номнавис кардан ғайриқонунӣ маблағи 17 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Зикр гардидааст, ки Агентӣ худи ҳамон рӯз аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода, баъд аз гирифтани пора аз шаҳрванд комиссари ҳарбӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд.
Қайд карда шудааст, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайянгардида дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд.
Муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон аз соли 2021 амал мекунад ва соли равон қимати он 51 ҳазор сомонӣ аст.
Тибқи нишондиҳандаи ҳисобҳо дар тарҳи нави буҷаи кишвар барои соли 2024 он 3 ҳазор сомонии дигар гаронтар шуда, ба 54 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад шуд.