Мусофири ҳавопаймои самти Маскав-Кӯлоб дар ҳаво ҷон дод

© Sputnik / Павел БедняковСамолет Airbus А320 авиакомпании Ural Airlines, архивное фото
Самолет Airbus А320 авиакомпании Ural Airlines, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2024
Обуна шудан
Ҳодисаи изтирорӣ дар ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии", ки ба Тоҷикистон парвоз мекард рух дод, ки мусофир ба нуқтаи лозима нарасида ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Як мусофир дар дохили ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" ба ҳалокат расид.
Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад.
Ҳавопаймо дар масири Маскав - Кӯлоб парвоз мекард, ки яке аз мусофирон худро бад ҳис кардааст.
"Мо далелро бидуни тафсилот тасдиқ мекунем",- гуфт ширкати ҳавопаймоӣ.
Роҳбаладони ҳавопаймо кӯшиш карданд, ки ба мард кӯмак расонанд. Вазъият ба халабонҳои ҳавопаймо хабар дода шуд ва ӯ тасмим гирифт, ки дар фурудгоҳи Самара фуруд ояд.
Гуфта мешавад, ки мусофир пеш аз фуруд ҷон додааст, гурӯҳи эҳёгароне, ки ба фурудгоҳ расида буданд, ӯро фавтида эълон карданд.
Пас аз чаҳор соати фуруди ғайримуқаррарӣ ҳавопаймо ба самти Тоҷикистон парвоз кард.
Самолет авиакомпании Utair взлетает в аэропорту Внуково. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2024
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия 88% бозори Тоҷикистонро ба даст гирифтаанд
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар ҳавопаймои "Уралские авиалинии" як кӯдак таваллуд шуд. Модари тифли навзод аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард.
Ҳамин ки ҳавопаймои U6-2441 ба баландӣ расид, ҳолати изтирорӣ рух дод - дарди таваллуди кӯдак дар модар пайдо шуд.
Роҳбаладе, ки дар гузашта ҳамшираи шафқат шуда кор мекард, ба ӯ ёрӣ расонд. Бо кумаки як ҳамшираи мусофирбар роҳбалад кӯдакро ба дунё овард, ки бидуни мушкил гузашт.
Лентаи хабарҳо
0