Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия 88% бозори Тоҷикистонро ба даст гирифтаанд

© Sputnik / Максим БлиновСамолет авиакомпании Utair взлетает в аэропорту "Внуково".
Самолет авиакомпании Utair взлетает в аэропорту Внуково. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2024
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия "ЮТэйр", "Уралские авиалинии", "Норд винд", "Сибир С7"ва "Ямал" ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия 88 дарсади бозори ҳавопаймоии Тоҷикистонро ба даст гирифтаанд.
"Дар Тоҷикистон дар чаҳор фурудгоҳи байналмиллалӣ дар як ҳафта 270 парвоз анҷом дода мешавад, ки 88 дарсади онҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва 12 дарсади онҳо аз ширкатҳои Тоҷикистон мебошанд", - гуфт ӯ.
Вай зикр кард, ки панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳанд. Аз ҷумла ширкатҳои – "ЮТэйр", "Уралские авиалинии", "Норт Винд", "Сибир С7", "Ямал" ва аз Тоҷикистон ба Русия танҳо як ширкати хусусии "Сомон Эйр" парвозҳо анҷом медиҳад.
"Мо иҷоза дорем, ки тақрибан ба тамоми минтақаҳои Русия парвоз кунем, аммо ҳама чиз аз имконоти ширкати ягонаи ҳавопаймоии мо вобаста аст" гуфт ӯ.
Ба гуфтаи оқои Сафарзода, дар ҳоли ҳозир ширкати "Сомон Эйр" дорои 6 адад Боинг аст, чаҳортоаш Боинг 787-800 ва ду ҳавопаймои Боинги 737-900 мебошад.
Ворота на въезде в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2023
Аз тариқи Кӯлоб беш аз 152 ҳазор нафар парвоз кардаанд
Илова бар ин, ба гуфтаи Сафарзода, ба Тоҷикистон ширкатҳои ҳавопаймоии "Эйр Остона", "Ӯзбекистон ҳаво йуллари", "FLY DUBAI", "Туркиш Эйрлайнс", "Эрон Worish Airlines", "Kuwaiti Jazeera Airways" ва "Buta Airways"-и Озарбойҷон парвозҳои доимӣ анҷом медиҳанд.
Мудири Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамчунин гуфт, ки нияти ифтитоҳи боз як фурудгоҳи байналмилалии дигар дар ноҳияи Данғара, дар зодгоҳи таърихии президент, ки дар 110-километрии ҷануби Душанбе воқеъ аст, вуҷуд дорад.
"Ин масъала аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Фонди сармоягузории Қатар баррасӣ мешавад, макон аллакай интихоб шудааст, мо интизорем, ки аз музокирот то соли 2024 натиҷагирӣ хоҳад шуд" – илова кард номбурда.
Лентаи хабарҳо
0